Мақола

БЕАДАБИИ НАВБАТИИ НАҲЗАТИЁН

 

Дар арафаи машварати навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони  САҲА ташкилоти экстремистию террористии  «Ҳизби наҳзати исломӣ» дар бораи таъсиси ба ном Паймони миллӣ хабар паҳн намуд. Ин чӣ паймон ва чӣ арзиш дорад? Дар ин бора имрӯз Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот пахш намуд, ки дар он гуфта мешавад:

 Ҳар ки машҳур шуд ба беадабӣ,

Дигар аз вай умеди хайр мадор.

Об, к-аз сар гузашт дар Ҷайҳун,

Чӣ ба дасте, чӣ найзае, чӣ ҳазор.

АЗ СУЛҲИ ҲАСАНӢ ТО ҶАНГҲОИ ҲУСАЙНӢ

 

ҲНИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ДАВЛАТИРО НОДИДА МЕГИРАД

 

Таносухи имон дар тобишҳои нав.

 

МАҲКУМ ШУДАНИ ҚАТЛУ ЗУРОВАРӢ АЗ НИГОҲИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

Дар ҳақиқат боиси таассуф аст, ки оилаи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ то ба имрӯз бо чунин амали нангине, ки дар таърихи 29.07.2018 дар ноҳияи Данғара содир шуд, муаррифӣ нашуда буд. Оилаи тоҷик яке аз оилаҳои дорои фарҳанги тарбиявии баланд шинохта шуда, фарзандони мо – бештар ҷавонон дар бисёр мавридҳо аз сабаби ахлоқу рафтори намунавӣ доштанашон мавриди ситоиш мегарданд. Миллати тоҷик бошад, дар ҷаҳони сайру саёҳат ҳамчун мардуми меҳмондӯст пазируфта шуда, кишвари мо – Тоҷикистони меҳмоннавозу меҳмондӯст муаррифӣ гардидааст.

Ноогоҳӣ – маншаи хурофот

Дар чанд соли охир, ки ифротандешиву таассуб ҷомеаҳои кишварҳои пасошӯравиро ҷиддан таҳдид кард, донишмандони ҷаҳон барои пайдо кардани рамзу рози чунин гаравишҳои хатарнок остин барзаданду чанд омилро ёдовар шуданд. Дар миёни чанд сабаби зикршуда (фақр, бекорӣ, таблиғи густурдаи ҳизбу созмонҳои ифротӣ)  яке беш аз ҳама таваҷҷӯҳи моро ҷалб карда, бо воқеият низ хеле наздик мебошад. Ин ноогоҳ будан ё дониши динӣ надоштани ҷавонон мебошад. Огоҳӣ надоштан аз маорифи динӣ инсонро ба кӯйи гумроҳӣ мебарад.

Ҳизби ифротӣ доми найранги кист?

Ҳофизо май хуру, риндӣ куну хуш бош, вале,

Доми тазвир макун, чун дигарон Қуръонро.

Страницы

Яндекс.Метрика