Мақола

ШАКЛҲОИ НАВИ БАРХӮРДИ МАНФИАТҲО ДАР МИНТАҚА ВА ТАЪСИРИ ОН БА ТОҶИКИСТОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо қабули низоми давлатдории дунявӣ, бо тарҳи нави асосҳои ҳуқуқии конунгузории миллӣ ва қабули Конститутсия ба марҳилаи нави давлатдорӣ ворид гардид. Ин дар ҳоле буд, ки пояҳои давлатдории он дар ҳамон сатҳи ҷомеаи суннатию аграрӣ боқӣ монда буданд.

ТАҲАММУЛПАЗИРӢ - ҶАВҲАРИ ТАЪЛИМОТИ КАЛОМӢ-ФИҚҲИИ ИМОМИ АЪЗАМ АБУҲАНИФА

Афзудани нақши падидаи ҷаҳонишавӣ дар тамаддуни муосир ба амиқ гардидани низоъҳои динӣ-сиёсӣ дар заминаи бархӯрди тамаддунҳо ва хусусияти глобалӣ касб кардани падидаи зиддибашарии экстремистию террористӣ, ки дар он манфиати геополитикии давлатҳои қудратманд ниҳон аст, мусоидат карда, ногузир масъалаи ташаккул ва тарғиби фарҳанги таҳаммулпазириро ҳамчун як ҷузъи фарҳанги умумибашарӣ ба миён овард. Таҳаммулпазирӣ падидаи иҷтимоӣ-фарҳангиест, ки аз бунёди худ хусусияти умумибашарӣ дошта, дар таърихи инсоният дар танзим намудани муносибатҳои иљтимоӣ-сиёсӣ мақоми хос доштааст.

АНДЕШАҲО ДОИР БА ДУНЯВИЯТ ВА ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ ҚИСМАТИ ДУЮМ

Дар фарҳанги миллии тоҷикон таҳаммулпазирӣ ва одоби ҳамзистӣ ба платформаи Наврӯзи хусравонии тоҷикон ва таълимоти моваруннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

АНДЕШАҲО ДОИР БА ДУНЯВИЯТ ВА ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ (дар ҳошияи 10-солагии қабули Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ) ҚИСМАТИ ЯКУМ

Дин аз замони қадим ҳамчун омили муттаҳидкунанда ва ҳам ҷудоиафкан буд ва то ҳанӯз боқӣ мондааст. Аммо риоя накардани таҳаммулпазирӣ дар ифодаи динию мазҳабии он ҳатто дар ҷомеаҳои муосир сабаби ҷангу фоҷиа ва харобию нооромӣ мегардад. Эътироф накардан ва беэътиноӣ зоҳир намудан ба эҳсосот ва арзишҳои эътиқодии пайравони динҳои дигар боиси сар задани ҷангҳои хунин, пора-пора шудани давлатҳо ва ба мушкилот мувоҷеҳ шудани миллатҳо гардидааст.

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-МАРОМИ ПЕШБАРАНДАИ ҲАР ЯКИ МОСТ

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.

Ваҳдати миллӣ-омили муҳими пешгирӣ аз ифротгароӣ

Ҳар гоҳ дар бораи ба миён омадани консепсияи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сухан доир шавад, марҳилаи оғози расидан ба истиқлолияти давлатӣ пеши назар меояд. Дар солҳои 80-90-ум асри ХХ дар заминаи бӯҳрони ҷанги Афғонистон ва суст шудани пояҳои идеологияи давлатӣ на танҳо дар байни пайравони ислом, балки дар миёни муътақидони дину мазҳабҳои амалкунандаи дигари ҷомеаи шӯравӣ ҳам як ривоҷу равнақи бесобиқаи боло рафтани сатҳи таъсири ҷаҳонбинии динӣ шиддат гирифт.

АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ ҲАМОИШИ МАШВАРАТИ ҲАМКОРӢ ВА ТАДБИРҲОИ БОВАРӢ ДАР ОСИЁ

Вақте мехоҳем доир ба нишасти панҷуми МҲТБО андешаҳои хешро иброз намоем, пеш аз ҳама, як савол ба назар ҷилвагар мешавад, ки аз кадом ҷиҳат ин ҳамоиш муҳим ва хотирмон мебошад. Барои посух ба саволи мазкур ва қайд намудани аҳамияту хотирмон будани ҳамоиш моро зарур аст, ки муҳити сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии

ОҒОЗИ РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР МҲТБО

Ҳамоиши Созмони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 15 июни соли 2019 дар Душанбе баргузор гардид, бегумон пойтахти кишвари моро ба майдони бузурге барои ҷустуҷӯи роҳу усулҳои тақвияти ҳамкорӣ ва ҳалли мушкилоти асосӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва қитъаи Осиё мубаддал сохт. Бо назардошти сатҳи баланди иштирок ва ҳамкории кишварҳои аъзо, инчунин муносибати дӯстона ва боэътимод дар байни онҳо метавон гуфт, ки Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои созмони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки бо истифода аз имкониятҳои гуногун ҳамгироии васеи инфрасохтории минтақавиро низ ба роҳ мондааст.

Страницы