Мақола

БАЪЗЕ ҶАНБАҲОИ ИЛМӢ - НАЗАРИЯВИИ МАСЪАЛАИ ҲАМКОРИИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ ДАР РАФЪИ МУШКИЛОТИ ИҶТИМОИИ ҶОМЕА

МУЛОҲИЗАҲО ПЕРОМУНИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНУ ФАЪОЛОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИН Қисми 2.

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МУАРРИФИГАРИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИСТ

Боиси хушнудист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва тамоми форсизабонони ҷаҳон ҷашнвораи миллӣ, яъне Наврӯзи байналмилалиро дар фазои сулҳу осоиштагӣ ҷашн мегиранд.
 

НАҚШИ ВАО ДАР ТАЪСИРПАЗИРИИ ҶОМЕА

Яке аз институтҳои муҳимтарини системаи сиёсии ҷомеаи муосир ВАО ба шумор меравад. Он дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъият, махсусан, ба ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсир мерасонад. Дар бештари мавридҳо онро ҳар як давлат барои паҳн кардани ғояву арзишҳои миллии хеш истифода мебарад. Васоити ахбори оммаро метавон ҳам барои пахши иттилооти объективӣ ва ҳам барои маърифатнокию тарбияи одамон истифода бурд. Мутафаккири ҷаҳони ғарб Г. Лассуэлл ҳануз дар замони худ чор вазифаи муҳими васоити ахбори оммаро номабар карда буд.

Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар рушди мафкураи сиёсии ҷавонони тоҷик

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои зимоми сиёсату роҳбарии ҷумҳуриро ба зимма гирифтан эҳёи тафаккуру дарки миллиро дар меҳвари сиёсати хеш қарор дода, асари «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро офариданд.

Қобили тазаккур аст, ки миллати тоҷик дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ҳифзи марзу бум, манфиатҳои милливу фарҳангӣ, гиромӣ доштани забону фарҳанг ва сарнавишташ талош намудааст.

Суханони пурҳикмати Пешвои миллат вобаста ба шароити мураккабу пуртазоди имрӯза

Суханони пурҳикмати Пешвои миллат вобаста ба шароити мураккабу пуртазоди имрӯза: «Муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгаройӣ ва тундгаройии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати «меъёрҳои дугона»-ро намепазирад» ва «Террорист — террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ «худӣ» ё «бегона» ва ё «таҳаммулгарову» «тундгаро» буда наметавонад».
Дар шароити мураккабу печида ва пуртазоди имрӯзаи ҷаҳони муосир Пешвои миллат ҳамкориро санги асос медонад, на рақобат ва бартариҷӯйиро. Пешвои миллат мегӯяд : «Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯйӣ».

НАВРӮЗ ВА ВИЖАГИҲОИ ОН

Наврӯзи бостонӣ офаридаи фарҳанги ориёӣ-тоҷикӣ буда, он ҷашни сароғози баҳор, таҷаллигоҳи зеботарин чеҳраи табиат ва саршавии соли нави мардуми тоҷику форсизабонони олам мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дошта, куҳантарин ва дерпойтарин ҷашни миллии мардумони ориёитабор маҳсуб гашта, инъикоскунандаи таърихи маданият ва оини миллии мо ба шумор меравад.

Дурдонаҳои рамазонӣ!

Ин моҳи шариф аз раҳмату мағфирати Парвардигори олам саршор аст, зеро Худованди таъоло бо фарорасии ин моҳ дарҳои дўзахро баста, дарҳои биҳиштро мекушояд. Ин моҳи қабули дуоҳо, моҳи эҳсону саховат ва моҳи озод шудан аз оташи дўзах аст. Дар ин моҳ шабе вуҷуд дорад, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст ва ҳар касе онро дарёбад, хайри бисёреро ноил шудааст.

Страницы

Яндекс.Метрика