Хабар

Мусоҳибаи директори Маркази исломшиносӣ бо магистрҳо ва донишҷўён.

23 апрели сол 2020 директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Муродулло Исмат бо магистрҳо ва донишҷўёни факултаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзўи «Таҳлили омилҳои афзоиши равияҳои ифротгароии динӣ аз лиҳози муносибат бо давлатдории дунявӣ» мусоҳиба гузаронид.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин намудани Давлатзода М.И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Давлатзода Муродулло Исмат директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
24 январи соли 2020
№1427

«МАҚОМ ВА НАҚШИ ИСЛОМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН», ҚИСМАТИ 4

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва дастуру супо-ришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмати чаҳоруми ҷамъбастии маҷмӯаи мақолаҳоро зери унвони “Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз чоп баровард.

Дар Душанбе масъалаи таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» ҷамъомад доир мегардад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Ҷамъомади мазкур бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» доир гардида, доираи васеи олимону донишмандон ва пажӯҳишгарон масъалаҳои марбут ба таносуби арзишҳои миллӣ ва диниро муҳокима мекунанд.

Иштироки Нурулҳақов Қамар дар Конфренсияи байналмилалиии “Ислом ва провославие (отродоксӣ) – таҷрибаи ҳамкорӣ ва алоқамандӣ"

КОНФРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БИШКЕК

Сайфулло Мулоҷонов: «Парчам таҷассуми ҳувияти миллӣ ва пайванди сарзамину мардуми он аст»

22 ноябр дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомад роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ иштирок намуда, оид ба таърихи пайдоиш ва паҳлӯҳои гуногуни ин рамзи муҳими давлатӣ табодули назар намуданд.

Дар зер андешаҳои сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Сайфулло Муллоҷоновро манзури хонандагон мегардонем.

Баргузории ҷамъомади илмӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон

15 ноябр дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҷамъомади илмӣ — амалӣ доир гардид. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ иштирок намуда, оид ба паҳлӯҳои муҳими фаъолияти Президент ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ибрози назар намуданд.

Семинари илмӣ-назаривӣ ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: ИСТИҚЛОЛИЯТ, КОНСТИТУТСИЯ ВА ОЗОДИИ ВИҶДОН

 

 

4 ноябри соли 2019 Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявиро ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд. Дар оѓози семинар директори муассиса ҳамаи кормандонро ба муносибати ҷашни фархундаи қабули Қонуни сарнавиштсози миллат табрику муборакбод намуда, дар мавзўи "Истиқлолият, Конститутсия ва озодии виҷдон" гузориши таҳлилии илмӣ пешниҳод кард. Матни пурраи гузориш чунин аст:

 

ИСТИҚЛОЛИЯТ, КОНСТИТУТСИЯ 

ВА ОЗОДИИ ВИҶДОН

 

Страницы