Хабар

РАСМАН: РӮЗИ ИДИ РАМАЗОН ДАҚИҚ ШУД

4 - уми апрели соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани Иди Рамазон баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба муносибати омад-омади Иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфт.

Сипас, Раиси Шурои уламо ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуда, қайд кард, ки мувофиқи ҳисоби илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи 10-уми апрел рост меояд.

Оғози сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов 04.04.2024

4 апрел Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироӣ ба таври идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Иттилоияи Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор медорад, ки баъзе воситаҳои ахбори оммаи ба ном мустақил ба таҳрифи вазъият даст зада, ҳар гуна маълумоти носанҷида ва иғвоангезро оид ба дастгир намудани шаҳрвандон дар алоқамандӣ бо кӯшиши анҷом додани амалҳои террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз паҳн месозанд.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.03.2024

29 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.

Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт.

Бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Ироқ, Туркманистон, Туркия ва Узбекистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ доир гашт.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Тақдими тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат 25.03.2024

25 март Сайид Умари Маъсум – ҳунарманди волосалиқа ва ҳайкалтароши маъруфи тоҷик, ки дар Олмон кору сукунат дорад, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз маҳсулҳои ҳунари волои худ – тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шахсан тақдим намуд.

Иштирок дар ҳамоиши наврӯзии - “Корвони шодӣ” дар шаҳри Душанбе 25.03.2024

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҷмааи Майдони “Истиқлоли”-и шаҳри Душанбе дар тантанаҳои ҳамоиши наврӯзии - “Корвони шодӣ” иштирок карданд.

Макони баргузории “Корвони шодӣ” бо шиорҳо дар васфи Наврӯз ва рамзи хоси Наврӯзи байналмилалӣ оро ёфта буд.

Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд !

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба амали террористие, ки 22 март дар Маҷмааи «Крокус Сити Холл» содир шуда буд, дар китоби таъзия аз номи Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзо изҳори ҳамдардӣ навишт.

Страницы

Яндекс.Метрика