Хабар

Таъиноти кадрӣ

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сафарзода С.
07.02.2024 №: 750

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Аҳмадзода М.Р.
07.02.2024 №: 751

Густариши ҳамкориҳои Прокуратураи генералӣ бо Прокуратураи генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ,

Дар доираи сафари кории Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҷаноби Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 - уми феврали соли 2024 мулокоти у бо Прокурори генералии Чумхурии Тоҷикистон муҳтарам Рахмон Юсуф Ахмадзод доир гардид.

Вохӯрии кормандони Маркази исломшиносӣ дар қисми ҳарбии 54 53 – и Раёсати қушунҳои корҳои дохилии ВКД

Санаи 2-юми феврали соли 2024 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки қисми ҳарбии 54 53 – и Раёсати қушунҳои корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд бо афсарону сарбозон баргузор гардид.
 

Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи "Нақши Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахси покзамир ва олими дурандеш " дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 31-уми январи соли 2024 дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи "Нақши Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахси покзамир ва олими дурандеш " бо иштироки олимону коршиносон ва пажӯҳишгарони илмҳои таърих баргузор гардид.

Дар кори Конференсия сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Абдуллоҳи Қодирӣ дар мавзӯи "САҲМИ  БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ЭҲЁИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ " баромад намуд.

Семинари илмӣ дар мавзўи: “Таҳаввулоти назарияи дунявият: таҳлили назариявӣ-амалии вазъ ва амалкарди он дар ҷомеа”.

Санаи 1-уми феврали соли 2024 Семинари илмӣ дар мавзўи “Таҳаввулоти назарияи дунявият: таҳлили назариявӣ - амалии вазъ ва амалкарди он дар ҷомеа” бо иштироки ходимони дини шаҳри Душанбе ва олимону муҳаққиқон, пажӯҳишгарони соҳаи диншиносӣ баргузор гардид.
 
Дар кори семинар котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбеков Маҳрамбек иштирок ва суханронӣ намуданд.
 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 30 январи соли 2024 №36
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана
ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Давлатзода С.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатзода Салим Музаффар муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Таъиноти кадрӣ

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод намудани Ғафурзода А.Д.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод намудани Баротзода Ф.Р.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод намудани Асозода Д.А.

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сатториён М.А.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатзода З.Д.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қодирзода С.С.

Страницы

Яндекс.Метрика