Хабар

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф 03.03.2024

3 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Аз самими қалб Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади олии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон табрик мегӯям.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Феврал 29, 2024

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 феврали соли 2024 №117
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Институти математикаи ба номи
А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
озод намудани Раҳмонов З.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмонов Зарулло Ҳусенович бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

Машварати корӣ 26.02.2024

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва дигар масъалаҳои ҳалталаб машварати корӣ доир намуданд.

Сиёсикунонии дин омили пайдоиши ифротгароӣ

Санаи 23-юми феврали соли равон, ҳамоиши якҷояи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои ҷамиятии вилояти Хатлон дар мавзуи «Сиёсишавии дин ҳамчун омили пайдоиши гуруҳҳои динӣ-ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеаи Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон баргузор гардид.
 

РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ МУБОРАК!

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистор ҳамаи Шуморо бо рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун яке аз идҳои хеле муҳими кишвар табрик ва таҳният гуфта, ба Шумо дар ин рӯзи пурифтихор, рӯзгори ободу осоишта, сарбаландиҳо ва саодатмандию пирӯзиҳо таманно дорад.

Артиши Миллӣ дар ҳар давру замон чун кафолати рӯзгори осоишта ва зиндагии пурфароғати ҳар шаҳрванд аст.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.02.2024

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор шуд, ки дар кори он натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар моҳи январи соли 2024 баррасӣ шуд.

Тавре дар суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ суръати рушди иқтисоди кишвар дар моҳи январи соли равон дар сатҳи 8,1 фоиз таъмин гардид, вале камбудиҳои ҷиддӣ низ вуҷуд доранд.

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти прокуратура 14.02.2024 10:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти прокуратура таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
 

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои дар мақомоти судӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои раиси суди вилояти Суғд, раиси суди шаҳри Кӯлоб, раисони судҳои ҳарбӣ дар гарнизонҳои Душанбею Хуҷанд,  раисон ва муовинҳои раиси суд ва судяҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо кадрҳои ҷавону варзида ва болаёқат таъин гардиданд.
 

Страницы

Яндекс.Метрика