Хабар

Мулоқот бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.

Зимни вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз ҳолу аҳвол, шароити таҳсил ва корашон пурсон шуданд.

Муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу ва ангур дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар Рим 25.04.2024

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки зардолу ҳамчун дарахти мевадиҳанда таърихи зиёда аз 4 ҳазорсола дошта, аз рӯи ақидаи олимон ҳудуди Тоҷикистон яке аз минтақаҳои пайдоиши он эътироф гардидааст.

Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар н. Вахш

Санаи 23 - уми апрели соли ҷорӣ дар ҳошияи баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии гуруҳи кории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҲҶТ ва намояндаи Прокуратураи ноҳияи Вахш бо иштироки кормандони ҷамоат, фаъолони ноҳия сокинони кӯчаю маҳаллаҳо, омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид.

"Меҳвар" минбари андешаҳо

"Меҳвар"
-Бархӯрди тафаккури ҷавонон бо идеологияи бегона..
-Дар самти ташаккули тафаккури миллӣ ва маънавиёти солим.. чаро аҳли зиёи кишвар фаъолияти камранг нишон медиҳанд?!
-Муҳим ва мубрам будани шинохти ислом дар вазъияти кунунӣ...
-Хурофоту таассуб заминаи ифротгароӣ... Чаро ходимони дин дар ин маврид фаъол нестанд?!
Ин ва чанд саволу масъалагузорӣ бо Абдуллоҳи Қодирӣ, сардори шӯъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи "Меҳвар".

Пирӯзиҳо муборакмон бошад!

Барои аввалин бор дар таърихи Ҷоми миллатҳои Осиё се тими порсизабон - Шерони порсӣ", "Бабрҳои Порс" ва "Шерони Хуросон" ба марҳилаи як чаҳорум ниҳоӣ суъуд карданд.

Аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пирӯзиҳоро самимона шодбош мегӯяд.

ДАР ҲОШИЯИ СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

      Санаи 18 - уми апрели соли равон дар Кафедраи тибби ҳарбӣ машварат-вохӯрии судманд бо иштироки сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломишиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Азимова М.М., донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ, факултети тиббӣ-профилактикӣ, факултети стоматологӣ, афсарон-омӯзгорони кафедраи тибби ҳарбӣ ва омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ гузаронида шуд.

Ба истифода додани Меҳмонхонаи “Кангурт Гранд Ҳотел” дар шаҳри Душанбе 20.04.2024

20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори “Рӯзи пойтахт” дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт меҳмонхонаи панҷситорадори “Кангурт Гранд Ҳотел”-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Бинои хуштарҳу замонавӣ аз 9 ошёна иборат буда, бо сабку усули хоси меъморӣ бунёд ёфтааст ва мутобиқи талаботи муосир муҷаҳҳаз мебошад.

КӮШОНИЁН: ВОХӮРИИ ГУРӮҲӢ КОРӢ БО ФАЪОЛОН ВА АҲЛИ ҶАМОАТЧИГИИ НОҲИЯ

18 -уми апрели соли 2024, бо мақсади расонидани мазмуну муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 марти соли равон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён доштанд, намояндагони Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбеков Маҳрам, Саҷҷоди Муҳаммадшарифзода, Сафарзода Диловар ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Абдуфайёз бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия мулоқоти корӣ баргузор гардид.

Страницы

Яндекс.Метрика