Articles

ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ ГАРАВИ РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАР

Дар шароити муосири густариши босуръати раванди ҷаҳонишавӣ ҳар як миллату давлат барои ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош меварзад. Дар ин масир ҷавонон, ки қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешаванд, нақши аз ҳама муҳимро дар пешрафту тараққиёти ҳар як давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иҷро мекунанд. Дар пешрафту тараққиё¬ти Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол низ ҷавонони боору номуси тоҷик нақши бузургу созанда доранд.

ХУСУСИЯТҲОИ ЗУҲУРИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Дар адабиёти муосири илмиву соҳавӣ дар масъалаи тафсиру таҳлили мафҳуми “терроризм” ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад ва ҳар муҳаққиқ ин падидаро вобаста аз нуқтаи назар ва дидгоҳи худ таҳлил ва тафсир намудааст. Маънои луғавии вожаи лотинии “террор” тарс, даҳшат мебошад. Аз ин ҷо маълум мешвад, ки маънои “терроризм” даҳшатафканӣ ва ба вуҷуд овардани тарсу воҳима дар ҷомеа мебошад. Дар ҳақиқат пеш аз ҳама амалҳои террористӣ хусусияти зуроварӣ, маҷбурсозӣ, таҳдидкунандагӣ ва даҳшатафканиро доранд.

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом

27.06.2018, шаҳри Конибодом

 

Ҳамватанони азиз! Муҳтарам сокинони шаҳри бостонии Конибодом!

Ин лаҳзаҳо ҳамаи мо ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳам омадаем.

Бинобар ин, ба хурду бузурги кишвар, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ин санаи таърихиро самимона табрик мегӯям. 

Девони об дар аҳди Сомониён

Обро метавон нахустин ва муҳимтарин омили шаклгирии тамаддун донист. Агар ба ҳавзаҳои аслии зуҳур ва ҳузури тамаддуни башар бинигарем, метавонем ба хубӣ мушоҳида кунем, ки бидуни истисно тамоми тамаддунҳои башарӣ дар канори рӯдҳои бузург шакл гирифтаанд. Аз ҷумла тамаддунҳои дурахшони ҷаҳони бостон дар соҳилҳои Нил, Даҷла, Фурот, Ганг, Хуанхе, Янстзи зуҳур карду  ба авҷ расид, ки таърихи башарӣ бе омӯзиши онҳо камрангу тасаввурношу¬данист. Вобаста ба ҳамин вақте ки аз аввалин донишҳои инсонӣ огоҳ мешавем, аён мешавад, ки он низ ба об ва моҳияти он иртибот дорад.

Страницы