Articles

Ҷаннат зери қудуми модарон аст

Модар! Чи калимаи бузург ва зебост, ки ҳатто аз зебоии гул нозанинтар аст. Вақте, ки мо ин калимаро ба забон меорем, ба ҷаҳоне ворид мешавем – ҷаҳони меҳру шавқат. Дар дунё гармтар аз меҳр, ширинтар аз шаҳду шакар, болотар аз тавоноиву қудрат, нармтар аз дили модар чизе нест.
 

Рӯҳи ман Шоҳнома асту ҷисму ҷонам порсист!

Лаҳҷаам дурри дарӣ, аммо забонам порсист,
Рӯҳи ман Шоҳнома асту ҷисму ҷонам порсист.
Аз табори Рустаму аз зодгоҳи Орашам,
Тирҳоям вожагунасту камонам порсист.
Ин забони воҳид, ин паҳнои фарҳанги сутург,
Гунг агар ман хоб дидам, тарҷумонам порсист.
Ин забони Рӯдакиву Мавлавиву Ҳофиз аст,
Ин ҷунуни ишқ дар хуну рагонам порсист.
Мавлавивор дӯст дорам ин забони Шамсро,
Ин забони шеъру мантиқ дар даҳонам порсист.
Ҳар куҷо дар ман ниҳоли дӯсти биншондаанд,
Боғи сулҳу оштиам, боғбонам порсист.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:

МАҚОМИ ЗАН ДАР ИСЛОМ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии Модарро ситоиш намуда чунин гуфтааст: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.

Мафҳуми ихтилоф ва навъҳои он дар таълимоти исломӣ

Аз замони Абурайҳони Берунӣ то имрӯз диншиносии муқоисавӣ ҳамчун як илми муҳим дар ҷомеа шинохта мешавад. Аммо дар замони муосир дар баробари муқоисаи андешаҳои динҳои мухталиф, омӯзиши андешаҳои мактабҳо ва ҷараёнҳои як дин ба вуҷуд омадааст. Чун мавзӯи баҳси мо муқоисаи усули каломии Ҳаким Самарқандӣ ва Абумансурӣ  Мотуридӣ аст ва табиӣ аст, ки дар миёни андешаҳои ин ду донишманд, баъзе масъалаҳои ихтилофии ҷузъӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, ба хотири вуруд ба асли мавзуъ, аз мафҳуми ихтилоф, анвои он ба таври бисёр кӯтоҳ баҳс намоем. 

Страницы

Яндекс.Метрика