Articles

Ҳадаф ва хусусиятҳои ҳизбу ҳаракатҳои идеологӣ-сиёсии исломӣ дар давлатдории миллӣ

«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Э.Раҳмон
 
Дар даҳсолаҳои охир дар ҷаҳони муосир як қатор масоили хатарзои ҷиддие ба мисли экстремизм, терроризм ва фундаментализм пой бар арсаи вуҷуд ниҳодаанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд.  
 

Нақши ҷашни миллии наврӯз дар ҷаҳон

Наврӯз фарҳанги ниёгони мо тоҷикон

Наврӯз ҷашни миллӣ, мероси фарҳангии ниёгони мо тоҷикон аст, ки маънои рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштиро дорад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Рӯзи якуми Фарвардинро рӯзи якуми баҳор, саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонанд.
 

Таърихи пайдоиши истилоҳи - Меҳргон

Меҳргон – калимаи сохта буда, аз решаи меҳр ва пасванди ҷамъсози – гон сохта шудааст. Пасванди – гон дар баробари исми ҷамъ сохтан боз хусусияти соҳибият ва ба маҳал вобаста будани ашёро ифода мекунад. Калимаи Меҳргон маъноҳои «меҳрҳо», «соҳибони меҳр», «дорои меҳр», «меҳрубон»-ро ифода намуда, ба манзил ва ҷойи меҳр ишора мекунад. Дар адабиёти гузаштагонамон ин калима инчунин ҳаммаънои Офтоб омадааст. Меҳргон маънои меҳру муҳаббат бастан, рамзи дӯстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмиро низ ифода месозад.
 

Страницы

Яндекс.Метрика