Articles

Наврӯз фарҳанги ниёгони мо тоҷикон

Наврӯз ҷашни миллӣ, мероси фарҳангии ниёгони мо тоҷикон аст, ки маънои рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштиро дорад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Рӯзи якуми Фарвардинро рӯзи якуми баҳор, саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонанд.
 

Таърихи пайдоиши истилоҳи - Меҳргон

Меҳргон – калимаи сохта буда, аз решаи меҳр ва пасванди ҷамъсози – гон сохта шудааст. Пасванди – гон дар баробари исми ҷамъ сохтан боз хусусияти соҳибият ва ба маҳал вобаста будани ашёро ифода мекунад. Калимаи Меҳргон маъноҳои «меҳрҳо», «соҳибони меҳр», «дорои меҳр», «меҳрубон»-ро ифода намуда, ба манзил ва ҷойи меҳр ишора мекунад. Дар адабиёти гузаштагонамон ин калима инчунин ҳаммаънои Офтоб омадааст. Меҳргон маънои меҳру муҳаббат бастан, рамзи дӯстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмиро низ ифода месозад.
 

АРҶГУЗОРӢ БА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА МАЗАММАТИ ХУРОФОТПАРАСТӢ(Дар партави мулоқоти таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар)

Ҳар амале, ки баёнгари риёкорӣ ва худнамоии мардум бошад, аз назари шариати исломӣ ҳаром аст ва бешак корҳое, ки дар ин мақола аз он манъ шуда, намоёнгари ин матлабанд. Чунин амалҳо дар шариат нодуруст ба шумор рафта, дар мавриди шахсоне, ки муртакиби чунин хатоҳо мешаванд, таҳдиди шадиде омадааст.
 

Корҳои ободониву созандагӣ ба ҷойи ҳаҷҷи умраи такрорӣ (Дар партави мулоқоти таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар)

Худованд асли ҳаҷро дар ислом ташреъ намудааст ва бар ҳар фарде, ки тавоноӣ дошта бошад, ҳаҷҷи хонаашро фарз гардонидааст, то дар айёми ҳаҷ ба зиёрати хонааш бишитобад ва маносики ҳаҷҷи иброҳимиро ба ҷо оварад. 
 
Ҳаҷ аз ҷумлаи фароизе аст, ки замон ва макони он мушаххас шудааст. Мавсими ҳаҷ моҳҳои муайянанд, пас ҳар он кас, ки дар ин моҳҳо ҳаҷ бар ў фарз шуд ва эҳром баст, бидонад, ки омезиши ҷинсӣ ва нофармонӣ ва муҷодала дар ҳаҷ раво нест. (Бақара: 197)
 

Страницы

Яндекс.Метрика