Articles

ҚАСИДАИ ШИКОЯТ АЗ ПИРӢ

❗Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд,
Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд.
Сапеди симрада буду дурру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатра борон буд!
Яке намонд кунун з-он ҳама, бисуду бирехт
Чӣ наҳс буд, ҳамоно ки наҳси Кайвон буд!
На наҳси Кайвон буду на рӯзгори дароз,
Чӣ буд? Ман-т бигӯям: қазои Яздон буд.
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест гирди гардон аст,
Ҳамеша то бувад ойин-ш, гирд гардон буд.
Ҳамон, ки дармон бошад, ба ҷойи дард шавад
Ва боз дард ҳамон, к-аз нахуст дармон буд.

СУХАНОНИ ҲИКМАТАНГЕЗ АЗ МУҲАММАД ҲИҶОЗӢ

1. Ба ақл зиндагӣ кунему бо дил хуш бошем.

2. Барои фикр кардан бояд аввал дилро аз кинаю бадӣ пок кард.

3. Бинои зиндагӣ бар тақлид аст, аммо ҳунарманд бояд аз тақлид бипарҳезад.

4. Танҳо зане, ки озор намерасонад, модар аст.

5. Ақли ноқис аст, ки миёнаи дилҳоро ба ҳам мезанад.

6. Агар ақл комил шуд, дил бад-ў таслим мешавад.

7. Ҳар кас метавонад ҳар рўз худро беҳтар аз дирўз бисозад.

8. Агар бояд рашк бурд, ба касе рашк бибарем, ки хушбахт аст.

9. Ҳар ҷо ду нафар бошанд, яке ҳоким аст, дигаре маҳкум.

ҲАР КАС ҶАВҲАРИ ИЛМ АСТ, ВОЛОГАВҲАР АСТ

ДАР ВАСФИ ҲАЁТ, ЗИНДАГӢ

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

Фурсати умр азиз аст, азизаш дорӣ,
Ҳар нафас гавҳари ноёб, ту арзон мафурӯш.

☆☆☆☆☆

В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду раванд.
УМАРИ ХАЙЁМ

Насиҳатат кунамат бишнаву баҳона магир,
Ҳар он чи носеҳи мушфиқ бигӯядат, бипазир!
САЪДИИ ШЕРОЗӢ

Дини маънавию бостонии тоҷикон – Зардуштия

Страницы

Яндекс.Метрика