Articles

МАҲКУМ ШУДАНИ ҚАТЛУ ЗУРОВАРӢ АЗ НИГОҲИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

Дар ҳақиқат боиси таассуф аст, ки оилаи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ то ба имрӯз бо чунин амали нангине, ки дар таърихи 29.07.2018 дар ноҳияи Данғара содир шуд, муаррифӣ нашуда буд. Оилаи тоҷик яке аз оилаҳои дорои фарҳанги тарбиявии баланд шинохта шуда, фарзандони мо – бештар ҷавонон дар бисёр мавридҳо аз сабаби ахлоқу рафтори намунавӣ доштанашон мавриди ситоиш мегарданд. Миллати тоҷик бошад, дар ҷаҳони сайру саёҳат ҳамчун мардуми меҳмондӯст пазируфта шуда, кишвари мо – Тоҷикистони меҳмоннавозу меҳмондӯст муаррифӣ гардидааст.

Ноогоҳӣ – маншаи хурофот

Дар чанд соли охир, ки ифротандешиву таассуб ҷомеаҳои кишварҳои пасошӯравиро ҷиддан таҳдид кард, донишмандони ҷаҳон барои пайдо кардани рамзу рози чунин гаравишҳои хатарнок остин барзаданду чанд омилро ёдовар шуданд. Дар миёни чанд сабаби зикршуда (фақр, бекорӣ, таблиғи густурдаи ҳизбу созмонҳои ифротӣ)  яке беш аз ҳама таваҷҷӯҳи моро ҷалб карда, бо воқеият низ хеле наздик мебошад. Ин ноогоҳ будан ё дониши динӣ надоштани ҷавонон мебошад. Огоҳӣ надоштан аз маорифи динӣ инсонро ба кӯйи гумроҳӣ мебарад.

Ҳизби ифротӣ доми найранги кист?

Ҳофизо май хуру, риндӣ куну хуш бош, вале,

Доми тазвир макун, чун дигарон Қуръонро.

Аз инҳо (ҲНИ) дӯстӣ нашояд ҷуст

Чуноне ки ҳамаи мову шумо шоҳид ҳастем низои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-уми садаи ХХ бунёди ақидатӣ дошт.  Маҳз бо кӯшиши ҲНИ амну суботу  ҷомеа хароб гардида, истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро зери хатар гузошта шуд. Ин гурӯҳ тавассути сӯиистифодаи шиорҳои динӣ дар байни мардум тафриқа андохта бародарро бо бародар, хоҳарро бо хоҳар душман сохт.

ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ ГАРАВИ РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАР

Дар шароити муосири густариши босуръати раванди ҷаҳонишавӣ ҳар як миллату давлат барои ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош меварзад. Дар ин масир ҷавонон, ки қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешаванд, нақши аз ҳама муҳимро дар пешрафту тараққиёти ҳар як давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иҷро мекунанд. Дар пешрафту тараққиё¬ти Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол низ ҷавонони боору номуси тоҷик нақши бузургу созанда доранд.

Страницы