Articles

Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд !

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба амали террористие, ки 22 март дар Маҷмааи «Крокус Сити Холл» содир шуда буд, дар китоби таъзия аз номи Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзо изҳори ҳамдардӣ навишт.

Т А Ъ З И Я

Роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвари барои мо дӯсту бародар ва яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Федератсияи Россия бинобар ҳамлаи террористии шаби 22-юми марти соли 2024 дар маҷмааи консертии “Крокус Сити Холл”-и Маскав, ки боиси ҳалокату захмӣ шудани садҳо нафар сокинони ин кишвар гардид, ҳамдардии амиқ баён менамояд.

Мо ин амали террористиро қотеъона маҳкум менамоем.

ГАРОИДАН БА ГУРӮҲҲОИ ТУНДРАВ, ОҚИБАТИ НОГУВОР ДОРАД !

Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки гароидан ба гурӯҳҳои тундрав, даст задан ба амалҳои террористӣ ва бадном кардани давлату миллат оқибатҳои ногувор дорад.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АЗ ХАДАМОТИ МАТБУОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ

ГРӮҲҲОИ ИФРОТИВУ ТЕРРОРИСТӢ БОИСИ АФЗОИШИ ИСЛОМСИТЕЗӢ ВА ПАЙДОИШИ БАДБИНИИ МУСУЛМОНОН ШУДААНД

Гурӯҳҳои ифротиву террористӣ дар минтақаҳои мухталифи олам хушунат ва задухӯрдҳои хунини мазҳабиву этникиро барангехта, боиси афзоиши исломситезӣ ва пайдоиши бадбинии мусулмонон шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Аз ХМ Президенти ҶТ

ТЕРРОРИСТИ ХУДӢ ВА БЕГОНА

«Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест».

Эмомалӣ Раҳмон

Бозназр аз АМИТ «Ховар»

Страницы

Яндекс.Метрика