Articles

Меҳргон ва ҷанбаҳои арзишманди он

“Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст”.
Эмомалӣ Раҳмон
 

Таъсири дин ва дунявият ба давлатдории миллӣ

Даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҷавонони дар донишгоҳҳои динии хориҷӣ таҳсилдида таълимот ва ҷараёнҳои нави исломии ғайриҳанафиро ба кишвар ворид сохтанд ва ҷараёнҳои ифротии Ваҳҳобия, Салафия, Ҳизби таҳрир ва дигар равияҳои динӣ аз худ дарак доданд. Намояндагони равияҳои нави динӣ ба рақобат пардохтанд, онҳо бо кӯмакҳои молиявӣ ва маънавии хоҷагони хориҷии худ ҳарчи бештар муридону ҷонибдорони худро ҷамъ овардан мехостанд. 
 

МАЪРИФАТНОКИИ ҶОМЕА ВА МАНФИАТИ МИЛЛӢ

Сатҳи маърифатнокии ҷомеа бояд то ҳадде боло бурда шавад, ки мардум дар паси ҳар шиор, ваъда, пешниҳод, даъват ва суханронӣ пурра эҳсос карда тавонанд ва дарк намоянд, ки ин суханбозиҳо манфиати киро, кадом гурӯҳро ҳимоя мекунад? Иқтидори мутобиқати онҳоро ба манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди давлатдории мо сарфаҳм раванд.

Профессор С.ЯТИМОВ,
иқтибос аз китоби "ИДЕОЛОГИЯ ВА МАНФИАТИ МИЛЛӢ"

Гирдоварандаи мавод :
А.Қодирӣ

Мулоқоти директори Маркази исломшиносӣ бо устодон ва аҳли илми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Санаи 12- уми апрели соли равон мулоқоти директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор бо устодон ва аҳли илми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Ин вохӯрӣ дар партави шарҳу тавзеҳи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ироа ёфт, роҳандозӣ шуд.

Хотами Той ва қиссаи модару бародараш...

Вақте ки Хотами Той аз дунё рафт, бародараш хост ҷойи ӯро бигирад. Ҳотам саройе сохта буд, ки ҳафтод дар дошт.Ҳар касе аз ҳар даре ки мехост ворид мешуд ва аз ӯ чизе талаб мекард ва Ҳотам ато мекард. Бародараш хост дар он макон биншинад ва худро мисли Ҳотам нишон бидиҳад.
Модараш гуфт: Ту наметавонӣ ҷойи бародаратро бигирӣ, беҳуда худро ба заҳмат маяндоз!!

Страницы

Яндекс.Метрика