Articles

СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ҲАМЧУН ШАКЛИ ЗУҲУРИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ

Ҳодисаҳо ва зуҳуроти мухталифи ҳаёти сиёсии ҷомеа мураккабу пурпечутоб буда, омӯзиши ҳамаҷониба ва таҳлили воқеиро талаб менамоянд. Дар замони муосир яке аз ин гуна масъалаҳо, ки дар шароити кунунии инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ мубрам ва зарурӣ эътироф мешавад, сиёсисозии ислом мебошад.
 

Нақши «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ»

Саъю кӯшишҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ дар роҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ шоистаи таҳсин ва офарин буда, намунаи олии таҷассуми эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг, адабиёт, дин ва арзишҳои миллиамон мебошад. Хусусан, тарҷума ва нашри чандкаратаи Қуръон ба хатти сириллик, чопи осори мондагори бузургони гузаштаи миллат, нашр ва ҳадяи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як хонавода аз иқдомҳои барҷастаи Пешвои миллат дар ин самт мебошанд.
 

Мусулмонии мо ва тоату ибодати моро касе аз мо намегирад

Мусулмонии мо ва тоату ибодати моро касе аз мо намегирад, вале пешрафти давлат, ободии Ватан ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардумро танҳо бо тоату ибодат таъмин кардан мушкил аст.
Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд 10.04.2024

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

Аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли мардуми саодатманди кишвар бахусус кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии иди саиди Фитр, ки аз ҷумлаи маросимҳои суннатии неки мардуми мусулмон мебошад, самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломативу саодатмандӣ, рӯзгори хушу осуда ва файзу баракатро таманно дорам.

Страницы

Яндекс.Метрика