Бойгонии матолиб

10 April 2016

Омилҳои гароиши ҷавонон ба созмонҳои тундрав ва муқовиматҳои мусаллаҳона

Дар сархатти Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудани масъалаи зуҳуроти хатарноки экстремизм ва терроризм ҳамчун хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ аз ҳар шаҳрванди равшанфикр тақозо мекунад, ки аз нигоҳи илмӣ-назариявӣ равандҳои зуд тағйирёбандаи олами ислом ва эҳтимолияти таъсиргузор шудани онҳоро дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба онҳо

Радикализм – роҳ ба сўйи экстремизм ва терроризм

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити муташанниҷ гардидани вазъи ҷаҳони муосир ва зуҳуроти бемайлони терроризм ва экстремизм пешниҳод гардид. Дар воқеъ, рўйдодҳои охири ҷаҳон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва чандин кишварҳои Аврупо терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро

Нақши Қонуни танзим дар беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандони ҷумҳурӣ

Аз замонҳои қадим то имрўз мардуми тоҷик соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд. Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тўли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил

Оиннома

Таърих

Молия ва хоҷагӣ

Кадрҳо, ҳуқуқ ва корҳои махсус

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Шуъба дар асоси ӯҳдадориҳои вазифавӣ таҳқиқи масъалаҳои зеринро анҷом медиҳад:

- аз нигоҳи илмӣ таъйин намудани асосҳои сиёсати давлатии муносибат ба дин;

- таъсиси хазина (бонк)-и иттилоотӣ доир ба ислом;

- таҳлили фазои иттилоотии динӣ дар ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ;

- омӯзиш ва таҳлили равандҳои номатлуби сиёсӣ-иҷтимоии дар заминаи андешаҳои динӣ тавлидшаванда;

- шиносоӣ ва ташхиси илмию диншиносии маводи ба табъ расида;

- истифода ва баҳрабардорӣ аз методологияи навини илмӣ-диншиносӣ;

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Шуъба дар асоси ӯҳдадориҳои вазифавӣ ва барномаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом додани таҳқиқоти масъалаҳои зеринро ба нақша гирифтааст:

- омӯзиши равандҳои динӣ-сиёсии ғайрисуннатии муосир дар Тоҷикистон ва таъсири он ба вазъи ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа;

- дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ муайян кардани сатҳи шуури динӣ ва мақому нақши дин дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеа;

- коркарди консепсияи исломшиносии муосир ва таҳқиқи роҳҳои баланд бардоштани маърифати динӣ ва ташаккули исломи мӯътадил;

Шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ

Шуъба дар асоси ӯҳдадориҳои вазифавӣ таҳқиқи масъалаҳои зеринро анҷом медиҳад:

- хусусиятҳои тазоҳури масоили мубрами фиқҳи исломӣ дар ҷомеаи муосир ва усули пажӯҳиши он;

- омӯзиш ва таҳлили омилҳои пайдоиши мактабҳои фиқҳӣ ва таъсири онҳо дар раванди ташаккули ҳуқуқи исломӣ;

- низоми ҳуқуқии ҶТ дар масъалаи таъмини озодии виҷдон ва танзими фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ;

- омӯзиши таълимоти фиқҳи ҳанафӣ оид ба масоили муносибати давлат ба дин;

- омӯзиши таҷрибаи кишварҳои мусулмонӣ ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар соҳаи дин;

Шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ

Шуъба дар асоси ӯҳдадориҳои вазифавӣ анҷомдодани корҳои

илмӣ-таҳқиқотии зеринро ба нақша гирифтааст:

- омӯзиш ва таҳқиқи урфу одатҳо, анъанаву маросимҳои миллӣ ва динӣ дар кишвар;

-муайян намудани унсурҳои муттаҳидсозанда ва ба пешрафту инкишофи ҷомеа мусоидаткунандаи анъанаҳо ва маросимҳо;

-пешгирӣ намудани воридшавии анъанаву маросимҳои ғайрисуннатӣ дар байни мардум;

-таҳлили муқоисавии нақши анъанаву маросимҳои миллӣ ва динӣ дар раванди бархӯрд ва муколамаи тамаддунҳо;

- тавсифи умумии анъанаву маросимҳои динии тоҷикон;

Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ  бо мақсади  омӯзиши сарчашмаҳо ва осори хаттии исломӣ ҳамчун қисми таркибии фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, таъсиси хазинаи маводи динӣ-мазҳабӣ ҷиҳати таъмини иттилооти зарурӣ, таҳия ва нашри осори динию фалсафӣ ва фиқҳии ниёгон дар назди Марказ таъсис дода шудааст.

Аз ин ҷиҳат, Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Марказ барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти илмию таҳқиқотии худ иқдомҳои зеринро дар афзалияти кории худ қарор додааст:

Муовин

Муовин

Файзулло Баротзода – директори Марказ

Соли 1985 шӯъбаи забони арабии факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон­ро бо дипломи аъло хатм намуд ва моҳи июни ҳамон сол ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда шуд. Хидмати ҳарбиро дар Маркази таълимии Ситоди Генералии Вазорати мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Красноводски Туркманистон оғоз намуда, сипас барои сафари хидматӣ ба Сурия фиристода шуд ва дар он ҷо то соли 1989 ба ҳайси тарҷумони калони ҳарбии забони арабӣ фаъолият намуд.