Бойгонии матолиб

04 June 2018

Перомуни садақаи фитр

Моҳи мубораки Рамазон на танҳо моҳи тавфиқи тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фаризаи рўза, балки моҳи хайру баракат, саховат ва кумаку дастгирии ниёзмандон низ ҳаст. Бешубҳа, садақаи фитр яке аз василаҳои дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди дўстиву муҳаббат дар байни мусулмонон аст. Садақаи фитр соли дуюми ҳиҷрӣ дар баробари рўзаи моҳи Рамазон бар мусулмонон воҷиб гардид. Аз Расули Худо (с) пурсида шуд, ки кадом садақа беҳтар аст? Дар ҷавоб фармуданд: «Садақае, ки дар моҳи Рамазон бошад».

Яндекс.Метрика