Бойгонии матолиб

11 June 2018

АНДАР БИСТУ НӮҲ ВА СӢ РӮЗӢ БУДАНИ МИҚДОРИ РӮЗҲОИ МОҲ ДАР ТАҚВИМИ ҲИҶРИИ ҚАМАРӢ

Бартарияти дини ислом, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешавад, ки пайғамбари баргузидаи он Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) шахсияти воқеии таърихӣ буда, тамоми корномаи ҳаёти сиёсию дини ӯ дар китобҳои сершумори сирату ансоб, таърихнома ва тафсирҳову маҷмӯаи аҳодис возеҳу равшан баён гардидааст. Ва танҳо пайравии некӯ кардан ба рафтору кирдори пайғамбар тибқи далолати ояти карима «ба дурустӣ ки барои шумо дар (кори) пайғамбари Худо пайравии некӯ ҳаст» (Аҳзоб, 33:21) моро ба дарёфти савоби дунёву охират мушарраф мегардо¬над.