Бойгонии матолиб

13 June 2018

Тараннуми рамазон дар оинаи шеъри ниёгон

Рӯза яке аз фароиз ва дастуроти ислом буда, дар худ одоб ва қонуниятҳои хос дорад, ки ҳар мусалмони болиғ ва оқил бояд аз дамидани субҳи содиқ то ғуруби офтоб бо нияти ба љо овардани фармони Парвардигор аз аъмоли ботилкунандаи рӯза худдорӣ намояд. Далели ин гуфтаҳо сухани Паёмбари акрам (с) мебошад: “Ҳар кас рӯзаи моҳи рамазонро хос барои ризои Худованд ва бо мақсади ба даст овардани аљру савоб мегирад, тамоми гуноҳони гузаштааш бахшида мешаванд”. 

Муборак бод омад моҳи рӯза,

Раҳат хуш бод, эй ҳамроҳи рӯза.

Шудам бар бом то туро бубинем,

ҲИКМАТУ ФАЗИЛАТҲОИ РӮЗАДОРӢ

Масъалаи рӯза доштан дар матни фарҳангу адёни гуногун ҷойгоҳи устувор дошта, воҷиб шудани он дар динҳои илоҳӣ бо фитрати камол¬гароии инсон ҳамоҳанг аст. Инсон ҳамеша дар пайи такомулу афзудани нерӯйи худ ҷиҳати расидан ба арзишҳои баланди бовару эътиқод ва худоҷӯӣ талош доштааст. Пайравони динҳои ҷаҳонӣ бар ин ақидаанд, ки рӯзадорӣ дар замири инсонҳо ифодагари ғолибияти рӯҳ бар нафс мебошад. Рӯзаи ҳақиқӣ ҳамон аст, ки шахс ҳангоми риояи он муртакиби корҳои зишту бад нашавад ва бо дасту дили пок худро вақфи хидмати Худованд гардонад.