Бойгонии матолиб

02 July 2018

Девони об дар аҳди Сомониён

Обро метавон нахустин ва муҳимтарин омили шаклгирии тамаддун донист. Агар ба ҳавзаҳои аслии зуҳур ва ҳузури тамаддуни башар бинигарем, метавонем ба хубӣ мушоҳида кунем, ки бидуни истисно тамоми тамаддунҳои башарӣ дар канори рӯдҳои бузург шакл гирифтаанд. Аз ҷумла тамаддунҳои дурахшони ҷаҳони бостон дар соҳилҳои Нил, Даҷла, Фурот, Ганг, Хуанхе, Янстзи зуҳур карду  ба авҷ расид, ки таърихи башарӣ бе омӯзиши онҳо камрангу тасаввурношу¬данист. Вобаста ба ҳамин вақте ки аз аввалин донишҳои инсонӣ огоҳ мешавем, аён мешавад, ки он низ ба об ва моҳияти он иртибот дорад.

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА РУШДИ ОНҲО ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Ҳунарҳои мардумӣ қисмати муҳимтарини низоми анъананаҳо ва таҷрибаҳои таърихан ташаккулёфтаи ҳаёти моддиву маънавии ҳар як халқу миллатро ташкил медиҳанд. Маъмулан, ҳар як ҳунари мардумӣ собиқаи тӯлонии таърихӣ дошта дар тӯли садсолаҳо ва ҳазорсолаҳо аз насл ба насл мегузарад ва таҳаввулу такомул меёбад. Ҳувият ва фарҳанги моддиву маънавии миллатҳо, пеш аз ҳама, дар ҳунарҳо ва таҷрибаҳои ҳаётии он таҷассум ва ифода меёбанд.

Яндекс.Метрика