Бойгонии матолиб

03 August 2018

Ноогоҳӣ – маншаи хурофот

Дар чанд соли охир, ки ифротандешиву таассуб ҷомеаҳои кишварҳои пасошӯравиро ҷиддан таҳдид кард, донишмандони ҷаҳон барои пайдо кардани рамзу рози чунин гаравишҳои хатарнок остин барзаданду чанд омилро ёдовар шуданд. Дар миёни чанд сабаби зикршуда (фақр, бекорӣ, таблиғи густурдаи ҳизбу созмонҳои ифротӣ)  яке беш аз ҳама таваҷҷӯҳи моро ҷалб карда, бо воқеият низ хеле наздик мебошад. Ин ноогоҳ будан ё дониши динӣ надоштани ҷавонон мебошад. Огоҳӣ надоштан аз маорифи динӣ инсонро ба кӯйи гумроҳӣ мебарад.