Бойгонии матолиб

02 June 2021

Аҳамияти издивоҷ дар ислом

Аз дидгоҳи ислом, моҳияти издивоҷ як қарордод ва паймон бо шароити вижа аст. Ин паймон ва қарордод афзун бар ин ки аз истиҳкоми хос бархурдор аст, дорои як арзиш ва манзалати илоҳӣ мебошад ва дар сатҳи дигар қарордодҳои иҷтимоӣ қарор намегирад то сарфан аз қавоиди умумӣ он қарордҳо пайравӣ кунад. Шояд битавон гуфт: қавитарин паймон ва муқаддастарин қарордод аст ки одами бо эътимод комил рози мешавад бо фарде ки шинохти зиёде аз вай надорад, ҳампаймон шавад ва ҳамаи дороии худро бо ӯ ба мушорикат гузорад.

Яндекс.Метрика