Бойгонии матолиб

09 June 2021

Чордаҳ соли бобаракатӣ

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии мардуми кишвар қабул гардидааст, 14 сол сипарӣ шуд. Бояд қайд намуд, ки қабули қонуни мазкур дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда буд ва барои ба танзим даровардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст.

Масъалаи «Итоати ҳар амири одил ва ҷобир ва султон фарз аст» дар рисолаи "Саводу-л-аъзам"-и Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ

Абулқосим Исҳоқ ибни Муҳаммад Исмоил ибни Иброҳим ибни Зайд ал-Ҳаким ас-Самарқандӣ (ваф. 953м.) фақеҳи машҳури садаи чаҳоруми ҳиҷрӣ мебошад, ки осору таълимоташ барои ташаккули мактаби эътиқодии ва фиқҳии ҳанафӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон таъсири амиқ гузоштааст. Ҳаким ас-Самарқандӣ дар замони Сомониён умр ба сар бурдааст. Дар ин давра  бо хидояти амир Исмоили Сомони (хукм. солхои 892-907) ӯ рисолае ба унвони "Саводу-л-аъзам", ки дар ағлаби сарчашмаҳо таҳти унвони "Рисола дар ахкоми фиқҳи ханафӣ" низ ном бурда шудааст, таълиф намуд.

Арзишҳои маънавӣ ва таҳаммулгароии мероси тасаввуфу ирфон

Қисми II

Ҳаким Тирмизӣ

Муҳаммад ибни Алӣ Ҳаким Тирмизӣ асосгузори силсилаи «ҳакимия»-и тасаввуф мебошад, ки дар тасаввуфи хуросонӣ ҷои намоёнро ишғол менамояд. Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст, ки Ҳаким Тирмизӣ аз зумраи кибори машоих ва суфиёне мебошад, ки бо арбобони бузурги тасаввуф, ба мисли Абу Тӯроби Нахшабӣ, Аҳмад Хизрия, Ибн Ҷило сӯҳбат намудааст.

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "ФАЗОИ МАҶОЗӢ: ИМКОНИЯТ ВА ТАҲДИДҲО БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ"

Рӯзи 8 июни соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи гирд дар мавзӯи "Фазои маҷозӣ: имкоият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи  ватанӣ  ширкат варзиданд. 

Яндекс.Метрика