«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд. Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад». Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Ифротгароии салафӣ: масъалаҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ

Ҳайати таҳририя: А. Раҳмонзода (раис), Ф. Баротзода (муовини раис), Р. Азизӣ, М. Марамбеков 
Муҳаррири масъул: Ф. Баротзода
Маҷмўаи мақолаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Ифротгароии салафӣ: масъалаҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ» (ш. Душанбе, 27 майи соли 2015). – Душанбе, «Дониш», 2015. – 218 с.
Дар ин маҷмӯа мақолаҳое ҷой дода шудаанд, ки ҳангоми баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Ифротгароии салафӣ: масъала-ҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ» (ш. Душанбе, 27 майи соли 2015) пешниҳод гардида буданд. Ҷанбаҳои мухталифи пайдоиш ва паҳншавии ҳаракати салафия, тобишҳои сиёсии он дар замони муосир, заминаҳои ихтилофи фиқҳӣ ва эътиқодии он бо мазҳабҳои маъмул дар киш-варҳои исломӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои назариявию амалии бартараф кардани зуҳуроти бегонаи ифротгароӣ ва пешгирии густариши он дар фазои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳанги динии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу бар-расии ҳамаҷонибаи гузоришҳо қарор гирифтанд. Мо умедворем, ки маводи ин китоб барои муҳақкиқони бахшҳои диншиносӣ, шарқшиносӣ, сиёсат-шиносӣ, таъриху адабиёт ва оммаи васеи хонандагон муфид хоҳад буд.
Барои ба даст овардани матни пурраи китоб ба суроғаи info@mit.tj муроҷиат кунед