«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд. Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад». Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Ҳайати таҳририя: А. Раҳмонзода (раис), Ф. Баротзода(муовини раис), О. Вализода, Р. Азизӣ, М. Марамбеков
Муҳаррири масъул: Ф. Баротзода
Дар ин маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ масъалаҳое баррасӣ гардидаанд, ки дар доираи иҷрои лоиҳаи Барномаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзӯи «Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои солҳои 2015-2019) пешбинӣ шудааст. Дар зимни он ҷойгоҳи ислом ҳамчун як унсури муҳими фарҳанги миллӣ дар ҳаёти гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистон, таносуби миллият ва диният дар худшиносии миллат, роҳҳои аз тариқи безарар, мусолиматомез ва бо ҳифзи асолати миллӣ ва динӣ гузаштан ба марҳилаи сифатан нави эҳёи фарҳангӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами марбут ба мақом ва нақши ислом дар ҳаёти динӣ-фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеаи муосири Тоҷикистон тањлилу таҳқиқ шудаанд. Итминон дорем, ки маводи ин китоб барои олимону коршиносони бахш¬ҳои диншиносӣ, исломшиносӣ, шарқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, таъриху адабиёт, мероси ниёгон ва оммаи васеи хонандагон муфид хоҳад буд.  
Барои ба даст овардани матни пурраи китоб ба суроғаи info@mit.tj муроҷиат кунед