«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд. Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад». Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Фарҳанги рӯзадорӣ

Баротзода Файзулло. Фарҳанги рӯзадорӣ (очерки илмӣ-оммавӣ). - Душанбе, «Паёми ошно», 2016. - 60 саҳ.
Дар очерки мазкур тахлили фарогири фарханги рӯзадорӣ дар анъанаҳои халқу миллат ва динҳои гуногун мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Ҳамчунин вежагиҳои рӯзаи исломӣ, ҷузъиёти фарз гардидан, одоби риоя ва фазилатҳои он дар моҳи шарифи Рамазон бо далелхои илмӣ нишон дода шудааст. Дар бораи ҷойгузин шудани ин падидаи муҳими тақводорию парҳезкорӣ дар фарҳанги миллии тоҷикӣ аз замони Сомониён то даврони истиқлолияти давлатӣ низ маводи муҳим дарҷ шудааст. Китоб барои истифодаи оммаи васеи хонандагон пешкаш мегардад.

ДАРЁФТИ КИТОБ