КӮШОНИЁН: ВОХӮРИИ ГУРӮҲӢ КОРӢ БО ФАЪОЛОН ВА АҲЛИ ҶАМОАТЧИГИИ НОҲИЯ

Имрӯз 18 апрели соли 2024, бо мақсади расонидани мазмуну муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 марти соли равон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён доштанд, намояндагони Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбеков Маҳрам, Саҷҷоди Муҳаммадшарифзода, Сафарзода Диловар ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Абдуфайёз бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия мулоқоти корӣ баргузор гардид.

КӮШОНИЁН: ИДОМАИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲӢ КОРӢ БО ФАЪОЛОН ВА АҲЛИ ҶАМОАТЧИГИИ НОҲИЯ, ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗАРГАР.

Имрӯз 18 апрели соли 2024, дар идомаи баргузории суҳбату вохӯриҳо бо мақсади расонидани мазмуну муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 марти соли равон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён доштанд, намояндагони Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбеков Маҳрам, Саҷҷоди Маҳмадшарифзода, Сафарзода Диловар ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Абдуфайёз бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии деҳоти Заргари ноҳия мулоқот

Маросими табодули санадҳои имзошуда миёни Тоҷикистону Узбекистон 18.04.2024

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.

Дар маҷмуъ аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ 28 санад ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Аҳдномаи ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон имзо гузоштанд.

Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо аз тарафи намояндагони ҳайатҳои расмӣ табодули санадҳои нави имзошуда сурат гирифт.

ОМӮЗИШИ ИЛМ БАРОИ ҲАМАИ СОҲИБДИЛОН ВОҶИБ АСТ

«Ба даст овардани илм барои ҳамаи соҳибдилон воҷиб ва зарур аст.
Илм зидди ҷаҳолат аст ва нодонӣ аз хосиятҳои торикист.
Нодонӣ мисли кӯрӣ ва торикист, дар ҳоле ки илму дониш дидаи биност».
Абӯалӣ ибни Сино.

Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

«УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД…».

Садриддин Айнӣ тамоми умри бобаракаташро барои ҳамчун миллати қадимӣ эътироф гардидани тоҷикон сарф намудааст

Имрӯз зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ аст. Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик Устод Айнӣ шахсияте аст, ки бо асарҳояш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонидааст.

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд

❗Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Сарзамини мо худ аз осори ӯ сар мешавад,
Ин замин бо ӯ ба дунёе баробар мешавад.
То ба Айнӣ гарчи дарёи сухан шодоб буд,
То ба ӯ дар зиндагӣ пайроҳаи ноёб буд.
Мисли он рӯзе, ки онро метавон дар ёд дошт,
Дар лаби Вахшу Зарафшон мардуме бе об буд.
Ин ҳақиқат мекунад чашми маро ҳар бор тар:
Кас набуд дар Панҷрӯд аз Рӯдакӣ гумномтар.
Дар Бухоро бохабар буд мардум аз дунё агар,
Аз Алӣ буд бохабар, аз Бӯалӣ буд бехабар.

ДӮСТИ ЗИЁНКОР...

❗Дӯстат бошад зиёнкор, ай писар,
Ту тамаъ з-он дӯст бардор, ай писар.
Ҳар кӣ мегуяд бадиҳои ту фош,
Дӯст машмораш бад-ӯ ҳамдам мабош.
Дӯсти ҳаргиз макун бо бодахор,
Аз чунин кас хештанро дур дор.
Мӯъмине гар мекунад тарки закот,
Дур аз вай бош, то дорӣ ҳаёт.
Дур шав з-он кас кӣ хоҳад аз ту суд,
Гар сари худ бар қадамҳои ту суд.
Ай писар, аз судхӯрон кун ҳазар,
Хасми эшон шуд Худои додгар.
Он кӣ аз мардум ҳамегирад рибо,
Зинҳор ӯро магӯйи марҳабо.
✍️Фаридуддини Аттор.

Аз як ҳаким пурсиданд:

❗Аз як ҳаким пурсиданд:
- Чаро камбағалон нисбат ба сарватмандон дӯстона ва камтар бахиланд?
- Аз тиреза ба берун нигоҳ кунед, чӣ мебинед?
- Мебинам, ки бачаҳо дар саҳни ҳавлй бозй мекунанд.
- Акнун ба оина нигаред.
- Дар он ҷо чӣ мебинед?
- Худам.
- Мебинӣ. Ҳам тиреза ва ҳам оина аз шиша сохта шудаанд, аммо агар шумо каме нуқра илова кунед, шумо аллакай танҳо худро мебинед!

Гирдоварандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Страницы

Яндекс.Метрика