Солҳои охир дар луғати сиёсии Ғарб, ки бештар пуштибони ҳаракатҳои ифротгароии динӣ мебошад, таҳаввул (тағйирот)-и луғавӣ ба вуҷуд омадааст, ки ба истилоҳи «ифротгароӣ», ки маънои хушунатро низ фаро мегирад, истилоҳи «хушунатомез»-ро низ илова намуда, бо ҳамин гӯё «ифротгароӣ»-ро аз «ифротгароии хушунатомез» ҷудо кардаанд, ки ба андешаи мо ҳадафи муайяни сиёсӣ дорад. Ба назари мо, моҳияти ин ҳадафи сиёсӣ дар он ифода меёбад, ки бо ин роҳ ашхоси ба тарғиботи ифротгароӣ машғулбуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод бошанд, то замоне ки ин ашхос ба амалиётҳои террористӣ амалан даст зананд.