Қабули эътимоднома аз сафирони нав 15.03.2024

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

ФОИДАҲОИ САДАҚА ВА ЭҲСОН ДАР ЗИНДАГИИ ИНСОН

Дар дунёи имрўз мо фарқҳои гуногунеро дар миёни афроди ҷомеа мушоҳида мекунем ва аз ҷумлаи фарқҳои асосӣ ин гуногун будани сатҳи зиндагии иқтисодии онҳо мебошад. Баъзеҳо сарватмандану баъезҳо фақир ва бархе бошад дар сатҳи миёнаи иқтисодӣ зиндагӣ мекунанд. Дар таълимоти Исломӣ ин тафовутҳо ба хубӣ мадди назар қарор дода шуда ва дар ин замина барномаҳои мушаххасе дар назар гирифта шудааст.

ҲАМДАРДӢ

Роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Абдуғаффор Юсуфов - сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати фавти падарашон ҳамдардӣ баён намуда, ба наздикону пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонанд.

Руҳи падар шоду манзили охираташон обод бод!

Роҳбарияти
Маркази мсломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон

Анъанаи давлатдории тоҷикон – намунаи олии фарҳанги кишвардорӣ

Дар масъалаи фарҳанги давлатдорӣ донишмандон ва сиёсатмадорони гузашта асарҳои зиёд таълиф намуда, идораи давлатро ҳамчун санъати махсус тавсиф намудаанд. Ба андешаи онҳо тоҷикон аз зумраи миллатҳои соҳибтамаддун, дорои таърих ва фарҳанги куҳан буда, андешаи давлатсозӣ ва таҷрибаи ҳуқуқэҷодкунии онҳоро башарият ҳамчун намуна истифода мебарад. 

ХУРОФОТПАРАСТӢ АЛОМАТИ НОДОНИЮ ҶАҲОЛАТ АСТ

Рӯза баҳри саломатӣ

Мебисозад ҷону дилро бас аҷоиб к- он сиём,
Гар ту хоҳӣ то аҷаб гардӣ, аҷоиб дон сиём!
Гар туро савдои меъроҷ аст бар чархи ҳаёт,
Дон, ки асби тозии ту ҳаст дар майдон сиём.
 

ХУРОФОТПАРАСТӢ НИШОНАИ ҶАҲОЛАТ ВА БЕСАВОДИСТ (Дар партави мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар)

Муҳаммади Ғаззолӣ яке аз донишмандони машҳур ва барҷастаи олами ислом ба ҳисоб меравад

Муҳаммади Ғаззолӣ яке аз донишмандони машҳур ва барҷаста дар таърихи баширият ва олами ислом ба ҳисоб меравад.

Эшон дар асри XI-и милодӣ улуми исломиро эҳё намуда, дар илми фалсафа ва калом, фиқҳ ва мантиқ нақши боризе ба мерос гузоштааст, ҳамчунин яке аз муассисони илми калом дар мактаби ашоира буда, дар фиқҳ пайрави мазҳаби Имом Шофеӣ мебошад.

Ӯ дар тӯли ҳаёти гаронбаҳои худ барои уммати ислом хидматҳои арзанда намуда, даҳҳо асарҳои пурарзиш аз худ боқӣ гузоштааст, ки то ҳанӯз ҷаҳониён аз асарҳои боқимондаи ӯ истифода мебаранд.

Страницы

Яндекс.Метрика