Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар рафти суҳбат Пешвои миллат кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмаи «Крокус Сити Холл» қатъиян маҳкум карда, таъкид карданд, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.
Президенти Тоҷикистон, бо таманниёти шифои оҷил ба осебдидагон, таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ барои аъзои оила ва наздикони фавтидагон бар асари фоҷеаи даҳшатангез иброз намуданд.