Аз "Панднома"-и шайх Аттор

Бар сари болини беморон гузар,
З-он, ки ҳаст ин суннати хайрулбашар.

То тавонӣ ташнаро сероб кун,
Дар маҷолис хидмати асҳоб кун.

Хотири айтомро¹ дарёб низ,
То туро пайваста Ҳақ дорад азиз.

Чун шавад гирён ятиме ногаҳон,
Арши Ҳақ дар ҷунбиш ояд он замон.

Чун ятимеро касе гирён кунад,
Молик андар дӯзахаш бирён кунад.

Он, ки хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

Ҳар кӣ асрорат кунад фош, ай писар,
Аз чунон кас дур мебош, ай писар.

Лев Толстой...

Он отказался от Нобелевской премии, ненавидел деньги и выступал на стороне крестьян. Таким его не знал еще никто.
Его имя — Лев Толстой.

ПӮСТИНИ КӮҲНА

Султон Маҳмуди Ғазнавӣ Аёз ном ғуломе дошт, ки дар аввал чӯпон буд.

Вақте дар дарбори Султон Маҳмуд кор мекард, ба василаи садоқати фавқулоддаи худ ба хоҷааш ва ақли расояш то ба мансаби вазирӣ расид.

Ӯ ҳамеша чоруқу пӯстини даврони камбағаливу ғуломии худро ба девори як хонааш, ки дар канори ҳавлӣ буд, овехта монда буд.

Ҳар рӯз субҳ ба он хона даромада, аз бадбахтиву тангдастии худ ёд меоварду баъд ба дарбор мерафт. Ў дари ин хонаро доим қулф мезад.

МАОРИФ ВА РАВАНДИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Мулоҳиза ва бардоштҳои Эмомалӣ Насриддинзода дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 дар баробари баррасии дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим таъкид намуданд, ки «рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Мо зи ғафлат раҳзанонро корвон пиндоштем...

Мо зи ғафлат раҳзанонро корвон пиндоштем,

Мавҷи реги хушкро оби равон пиндоштем.

Шаҳпари парвози мо хоҳад кафи афсӯс шуд,

К-аз ғалатбинӣ қафасро ошён пиндоштем.

То варақ баргашт, маҳзарҳо ба хуни мо навишт,

Чун қалам онро, ки бо худ якзабон пиндоштем.

Баски чун Мансур бар мо зиндагонӣ талх шуд,

Дори хуношомро доруламон пиндоштем.

Беқарорӣ бас, ки моро гарми рафтан карда буд,

Каъбаи мақсудро санги нишон пиндоштем.

Наш'аи савдои мо аз бас баланд афтода буд,

Ҳар ки санге зад ба мо, ратли гарон пиндоштем.

ФАЗИЛАТ ВА АҲКОМИ МОҲИ РАҶАБ

Инак мо дар моҳи Раҷаб қарор дорем. Моҳи Раҷаб яке аз моҳҳои муқаддас аст, ки дар он Расули акрам (с) ба Исро ва Меъроҷ рафта буданд. Ин моҳест, ки дар он барои мусулмонон намоз фарз шуд, моҳест, ки шахси мусулмон бояд барои моҳи мубораки Рамазон омода шавад, рўза дорад ва аз тамоми амалҳои нописанд иҷтиноб варзад.

Аз давраҳои пеш аз Ислом бо фаро расидани моҳи Раҷаб душманон бо ҳам мусолиҳа мекарданд, қатлу куштор, бадиву бадбинӣ як сў гузошта мешуд. Тамоми қабилаҳои араб ҳурмати моҳи Раҷабро риоя мекарданд.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии
хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ,
андозаи нафақа ва стипендия

Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фидан

10 январи соли 2024 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фиданро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз раванди кунунии рушди робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддати дуҷонибаро ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳо арзёбӣ намуданд.

Страницы

Яндекс.Метрика