МАФКУРАИ СОЛИМИ МИЛЛӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ (ҚИСМИ III)

Маҳз ҳамин холигии мафкуравӣ ва ноустувории ҳокимияти сиёӣ боис гардид, ки дар ҳаёти ҷомеа ҷараёни носолиму манфиатхоҳ шиддат гирифта, динро ҳамчун восита барои ба мақсад расидан истифода бурданд. Сиёсисозии дин чунон авҷ гирифта буд, ки дар бисёр ҳолатҳо мардуми ом моҳият ва таъйиноти ахлоқии умумиинсонии динро дуруст дарк карда наметавонистанд, зеро гурӯҳҳои манфиатхоҳу қудраталаб меъёрҳои шаръиро тағйир дода, онҳоро ба ҳадафҳои худ созгор гардонида буданд.
 

Даргириҳои мазҳабӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр дар асрҳои миёна

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаи стратегӣ дар фарҳанги сиёсии миллат (Бардоштҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»).

Тоҷикистони азиз дар тўли 32 соли истиқлолияти давлатии худ рӯз аз рӯз ободу зеботар гардида истодааст. Сол аз сол ҷумҳурии азизамон дар тамоми соҳаҳо ба дастовапрдҳои нав ба наву пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар кишвар сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор буда, корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта истодааст, ки саҳми соҳибкорони саховатманди ватанӣ низ дар он назаррас мебошад.
 

Вохӯрии кормандони Маркази исломшиносӣ дар қисми ҳарбии 54 53 – и Раёсати қушунҳои корҳои дохилии ВКД

Санаи 2-юми феврали соли 2024 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки қисми ҳарбии 54 53 – и Раёсати қушунҳои корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд бо афсарону сарбозон баргузор гардид.
 

Қисми 2. Ифротиҳо тағйир ёфтани дину диндориро эътироф менамоянд

Чуноне ки дар қисми аввал қайд намудем, гуногунрангии ҳаёти инсонӣ омили асосии тағйирёбии шакли диндорӣ гардидааст, ки бидуни таҳаввул дар мундариҷаи мафҳуми «дин» сурат нахоҳад пазируфт. Тағйирёбии шакли диндорӣ дар ҳамаи марҳилаҳои таърихӣ дар навбати худ ба заиф шудани унсури қудсият дар дин ва коста гардидани нақш ва мақоми дин дар ҷомеа оварда мерасонад. Ҳолати мазкур ашхоси аз дин манфиатҷӯро дар тӯли таърих водор намудааст, ки дину диндориро дар ҳолати ибтидоии худ ҳифз намоянд.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи "Нақши Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахси покзамир ва олими дурандеш " дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 31-уми январи соли 2024 дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи "Нақши Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахси покзамир ва олими дурандеш " бо иштироки олимону коршиносон ва пажӯҳишгарони илмҳои таърих баргузор гардид.

Дар кори Конференсия сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Абдуллоҳи Қодирӣ дар мавзӯи "САҲМИ  БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ЭҲЁИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ " баромад намуд.

Абӯмашъари Балхӣ фармуда!

Абӯмашъари Балхӣ фармуда!

Бар ман шаш чиз воҷиб аст:
Ду бар забон, ду бар тан ва ду бар дил.
Он чӣ, бар забон аст, зикри Худованд ва сухани нек.
Он чӣ, бар тан аст, тоати Аллоҳ ва ранҷи худ аз мардум бардоштан!
Ва он чӣ, бар дил аст, бузург доштани Ҳақ ва шафқат бар халқ!

Агар ба ҳаво парӣ, магас бошӣ!
Агар ба рӯи об равӣ, хас бошӣ!
Дил ба даст ор, то кас бошӣ!

✍ Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ

Таҳиякунанда:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз дар бораи Бобоҷон Ғафуров чунин гуфта буд

Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз дар бораи Бобоҷон Ғафуров чунин гуфта буд: «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл бузургтарин фарзанди Машриқзамин мебошад».

Таҳиякунандаи мавод :
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Страницы

Яндекс.Метрика