Семинари илмӣ дар мавзўи: “Таҳаввулоти назарияи дунявият: таҳлили назариявӣ-амалии вазъ ва амалкарди он дар ҷомеа”.

Санаи 1-уми феврали соли 2024 Семинари илмӣ дар мавзўи “Таҳаввулоти назарияи дунявият: таҳлили назариявӣ - амалии вазъ ва амалкарди он дар ҷомеа” бо иштироки ходимони дини шаҳри Душанбе ва олимону муҳаққиқон, пажӯҳишгарони соҳаи диншиносӣ баргузор гардид.
 
Дар кори семинар котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбеков Маҳрамбек иштирок ва суханронӣ намуданд.
 

АҲАМИЯТИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХИ НИЁГОН

1.Масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонон 
2.Одоби муошират миёни ҷавонон
3.Нақши падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд
4.Пешгирии каҷрафтории ҷавонон (ҳамкории оила, мактабу донишгоҳ, ҳукуматҳои маҳалӣ ва деҳот дар ин самт)

ҶАВОНМАРДӢ

Марди аспсавор ҳангоми сафар дар биёбон дид, ки шахсе аз шиддати офтоб аз ташнагӣ ранҷу азоб мекашад. Дилаш ба ҳоли мард сӯхт ва аз обе, ки барои роҳ бо худ гирифта буд, ӯро ба нӯшидан даъват кард. Баъди ба мард об додан қасди онро кард, ки ӯро ба аспаш савор карда бо худ барад:
- Ман боре ҳам аспро савор нашудаам. Чӣ мешавад, ки ту аз аспат поён шавию маро барои савор шуданам ёрӣ расонӣ?- гуфт марди дар биёбон буда.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 30 январи соли 2024 №36
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана
ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Давлатзода С.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатзода Салим Музаффар муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Таъиноти кадрӣ

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод намудани Ғафурзода А.Д.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод намудани Баротзода Ф.Р.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод намудани Асозода Д.А.

Тағйирёбии мундариҷаи мафҳумҳои «дин» ва «диндор» дар зери таъсири равандҳои дунявӣ

Қисми 1: Мундариҷаи мафҳумҳои “дин” ва “диндор”

Хоки одам, ки сириштанд...

Дар дили бехабарон ҷуз ғами олам ғам нест,
Дар ғами ишқи ту моро хабар аз олам нест.
Хоки одам, ки сириштанд, ғараз ишқи ту буд,
Ҳар кӣ хоки раҳи ишқи ту нашуд,одам нест.
Аз ҷунуни ману ҳусни ту сухан бисёр аст,
Қиссаи мову ту аз Лайлию Маҷнун кам нест.
Гар табибон зи пайи доғи ту марҳам созанд,
Кай гузорем,ки он доғ кам аз марҳам нест.
Баски савдои ту дорам, ғами худ нест маро,
Гар аз ин пеш ғаме буд,кунун он ҳам нест.
Ман ки имрӯз ҳалоки дами ҷонбахши туям,
Дами Исо чӣ кунам,чун дами ӯ ин дам нест.

ПАНДНОМАИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ (барои насли нав)

Аз шоҳроҳи ҳаёти худ дур нашав, ҳарчанд он роҳ пурсанг бошад ва роҳи паҳлӯӣ - суфта.
***
Ҳеҷ кас роҳи дигареро такрор карда наметавонад, бо вуҷуди он ки аз қафои ӯ меравад.
****
Ҳаловати зиндагиро айёш не, балки заҳматкаш медонаду мутафаккир.
****
Вазифаи баланд ҳеҷ касро хурсанд накардааст. Ҳар он, ки инро ҳақиқатан дарк мекунад, одами хушбахт аст.
***
Ҳаёти ҳар одам монанди бозор аст: гоҳ гарм мешавад, гоҳ не. Аммо бозори молимардумхӯр ҳарчанд гарм шавад ҳам, дар охир касод мегардад.
***

Страницы

Яндекс.Метрика