Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи "Нақши Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахси покзамир ва олими дурандеш " дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 31-уми январи соли 2024 дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи "Нақши Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахси покзамир ва олими дурандеш " бо иштироки олимону коршиносон ва пажӯҳишгарони илмҳои таърих баргузор гардид.

Дар кори Конференсия сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Абдуллоҳи Қодирӣ дар мавзӯи "САҲМИ  БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ЭҲЁИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ " баромад намуд.

Абӯмашъари Балхӣ фармуда!

Абӯмашъари Балхӣ фармуда!

Бар ман шаш чиз воҷиб аст:
Ду бар забон, ду бар тан ва ду бар дил.
Он чӣ, бар забон аст, зикри Худованд ва сухани нек.
Он чӣ, бар тан аст, тоати Аллоҳ ва ранҷи худ аз мардум бардоштан!
Ва он чӣ, бар дил аст, бузург доштани Ҳақ ва шафқат бар халқ!

Агар ба ҳаво парӣ, магас бошӣ!
Агар ба рӯи об равӣ, хас бошӣ!
Дил ба даст ор, то кас бошӣ!

✍ Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ

Таҳиякунанда:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз дар бораи Бобоҷон Ғафуров чунин гуфта буд

Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз дар бораи Бобоҷон Ғафуров чунин гуфта буд: «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл бузургтарин фарзанди Машриқзамин мебошад».

Таҳиякунандаи мавод :
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Мо дар шахсияти мардони фарзонаи миллатамон, ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафони ӯ фарзандони фидоӣ, муборизони ҳақиқии Ватан, озодӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи сарзамини бостониамонро мебинем ва қадршиносӣ мекунем.

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана ба ифтихори 110 – солагии зодрӯзи Шириншоҳ Шоҳтемур, 20 октябри соли 2009, ш. Душанбе).

Семинари илмӣ дар мавзўи: “Таҳаввулоти назарияи дунявият: таҳлили назариявӣ-амалии вазъ ва амалкарди он дар ҷомеа”.

Санаи 1-уми феврали соли 2024 Семинари илмӣ дар мавзўи “Таҳаввулоти назарияи дунявият: таҳлили назариявӣ - амалии вазъ ва амалкарди он дар ҷомеа” бо иштироки ходимони дини шаҳри Душанбе ва олимону муҳаққиқон, пажӯҳишгарони соҳаи диншиносӣ баргузор гардид.
 
Дар кори семинар котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбеков Маҳрамбек иштирок ва суханронӣ намуданд.
 

АҲАМИЯТИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХИ НИЁГОН

1.Масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонон 
2.Одоби муошират миёни ҷавонон
3.Нақши падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд
4.Пешгирии каҷрафтории ҷавонон (ҳамкории оила, мактабу донишгоҳ, ҳукуматҳои маҳалӣ ва деҳот дар ин самт)

ҶАВОНМАРДӢ

Марди аспсавор ҳангоми сафар дар биёбон дид, ки шахсе аз шиддати офтоб аз ташнагӣ ранҷу азоб мекашад. Дилаш ба ҳоли мард сӯхт ва аз обе, ки барои роҳ бо худ гирифта буд, ӯро ба нӯшидан даъват кард. Баъди ба мард об додан қасди онро кард, ки ӯро ба аспаш савор карда бо худ барад:
- Ман боре ҳам аспро савор нашудаам. Чӣ мешавад, ки ту аз аспат поён шавию маро барои савор шуданам ёрӣ расонӣ?- гуфт марди дар биёбон буда.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 30 январи соли 2024 №36
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана
ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Давлатзода С.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатзода Салим Музаффар муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Страницы

Яндекс.Метрика