ПАНДНОМАИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ (барои насли нав)

Аз шоҳроҳи ҳаёти худ дур нашав, ҳарчанд он роҳ пурсанг бошад ва роҳи паҳлӯӣ - суфта.
***
Ҳеҷ кас роҳи дигареро такрор карда наметавонад, бо вуҷуди он ки аз қафои ӯ меравад.
****
Ҳаловати зиндагиро айёш не, балки заҳматкаш медонаду мутафаккир.
****
Вазифаи баланд ҳеҷ касро хурсанд накардааст. Ҳар он, ки инро ҳақиқатан дарк мекунад, одами хушбахт аст.
***
Ҳаёти ҳар одам монанди бозор аст: гоҳ гарм мешавад, гоҳ не. Аммо бозори молимардумхӯр ҳарчанд гарм шавад ҳам, дар охир касод мегардад.
***

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сатториён М.А.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатзода З.Д.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қодирзода С.С.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қурбонзода Ҳ.Ҷ.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Каримзода Ҷ.А.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Гулмуродзода К.Г.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сафарзода Р.С.

САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёитабор ба ҳисоб меравад. Пайдоиши сада мувофиқи солшумории шамсӣ 10-ум рӯзи моҳи Баҳман ва дар солшумории милодӣ бошад, ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Ба назари муҳаққиқон ҷашни сада омадани ҷашни Наврӯзро ба мардум мужда медиҳад.
Пайдоиши калимаи сада дар адабиётҳо ба таври гуногун омадааст. Сада дар забони авастоӣ ба маънои “баромадан ва тулӯъ кардан”-ро дорад. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи “sadok” ва дар форсии миёна ба гунаи “sadag” омадааст. 

САДА – ҶАШНИ ПИРӮЗИИ ҲАЁТ ВА РӮШНОӢ

Аз истиноди сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки тоҷикон миллати фарҳангпарвару тамаддунсозанд. Ин соҳибфарҳангиву тамаддунофарӣ буд, ки то кунун ҷомеаи башарӣ аз ёдгориҳои таърихиву арзишҳои фарҳангии ин миллат ном мебаранд. Маҳз, суннатҳои фарҳангӣ буд, ки халқи тоҷикро халқи тоҷдору бофарҳанг ва заминагузори тамаддуни башарӣ мешиносанд. 

САДА - ОҒОЗИ БАҲОР АСТ!

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд. Шаби Ялдо ё ин ки Шаби Чилла дарозтарин шаби аввали моҳи Дай, ҷашни қадимии мардумони ориёист, ки ба муносибати зодрӯзи эзади Меҳр ва ё Митра баргузор мешавад. Аз руи солшумории Эрони шаби 30-юми моҳи Озар (22-декабр) рӯзи таваллуди Меҳр мебошад, зеро аз ҳамин рӯз сар карда рӯзҳои дарозтар ва тобиши офтоб бештар мегардад.

Маълумот оид ба Сада аз нигоҳи сарчашмаҳои таърихӣ

Бояд қайд намуд, ки сада дар сарчашмаҳо ва манобеи муътамади таърихӣ зикр шудааст. Аз ҷумла донишмандону хирадмандони гузашта мисли А.Фирдавсӣ, А.Берунӣ, А.Байҳақӣ, А.Гардезӣ ва дигарон Садаро яке аз се ҷашни бузурги ориёӣ номидаанд. Аз рӯи манобеи таърихӣ Сада қадимтарин ҷашни ориёӣ ба ҳисоб меравад.

Семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Таъсири тундгароии динӣ ба раванди шаклгирии ҷаҳонбинии шаҳрвандон: таҳдидҳо ва роҳҳои пешгирии он» дар шаҳр Бохтар

Страницы

Яндекс.Метрика