Давраи роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замони гул – гулшукуфои давлати миллии тоҷикон мебошад

Давраи роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба бахти миллати тоҷик, зиёда аз чоряк асрро дар бар мегирад, замони гул – гулшукуфии асосҳои бунёдии давлати миллии тоҷикон, аз ҷумла, соҳаи мактабу маориф мебошад.

С.Ятимов профессор.

Ҳофиз, асрори Илоҳӣ кас намедонад, ҳамуш!

Ёрӣ андар кас намебинам, ёронро чӣ шуд?
Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд?
Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?
Хун чакад аз шохи гул, абри баҳоронро чӣ шуд?
Кас намегӯяд, ки ёре дошт ҳаққи дӯстӣ,
Ҳақшиносонро чӣ ҳол афтод, ёронро чӣ шуд?
Лаъле аз хоки мурруват барнаёмад, солҳост,
Тобиши хуршеду саъйи боду боронро чӣ шуд?
Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр,
Меҳрубонӣ кай сар омад, шаҳриёронро чӣ шуд?
Гӯйи тавфиқу каромат дар миён афкандаанд,
Кас ба майдон дарнамеояд, саворонро чӣ шуд?

ЗОДРӮЗ ХУҶАСТА БОД!

Дирӯз, устод Мирзозода Азизулло ҷашни зодрӯз доштанд.

Аз номи худ ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон устод гиромиро ба ин санаи муборак табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок барояшон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолияташон комёбиҳои беназирро таманно дорем.

Дар ҳақиқат, фаъолияти хуби кордонӣ, малакаи баланди роҳбарӣ, муносибати самимӣ бо дӯстону пайвандон, ҳамкорону зердастон он касро обрӯманду соҳибэҳтиром гардонидааст.

Табрикоти директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Муҳтарам кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат!

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» соли 2012 дар тақвими сиёсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон боз як санаи хотирмон барои кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ илова гардид, ки ҳамасола 25-уми январ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷашн гирифта мешавад.

ҲАМКОРӢ БО ВОЛИДАЙН БА РУШДИ НИЗОМИ ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯ МУСОИДАТ МЕНАМОЯД

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани омилҳои иҷтимоии зуҳури ҷинояткорӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон ва дар самти созанда ба роҳ мондани таълиму тарбия, ҳамзамон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо як силсила санадҳои муҳимми меъёриву ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст. Яке аз чунин санадҳои муҳим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад.

Аз силсилаи "Аксҳои таърихӣ"

Се шахсияти бузурги фарҳанги навин, устодони сухан ва меҳанпарастони асилу фидоии илму адаби тоҷик: Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода ва Абулқосим Лоҳутӣ.
Ёдашон ба хайр.

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 19-январи соли 2024 таҳти Раёсати Раиси Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Шурои амният Президенти мамлакат вазъи таъмини амнияту субот, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткориро дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон ҳаматарафа баррасӣ намуданд.

Страницы

Яндекс.Метрика