ПАЁМ — ТАҲКИМБАХШИ РУШДИ ҶОМЕА. РУШДИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАД

Дар сиёсати кунунии Ҳукумати мамлакат таъмини масъалаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи бевосита зоҳир намудан ба ин соҳаҳо ва давра ба давра тақвият бахшидани самаранокии хизматрасониҳо ва шарту талаботи ҳифзи фаъолият мавқеи намоён ва аввалиндараҷа касб менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 1 Конститутсия ҳамчун давлати иҷтимоӣ маҳсуб шуда, ҷиҳати таъмини сатҳи зиндагии арзандаи шаҳрвандон ва инкишофи озодонаи онҳо таваҷҷуҳи бештарро ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ равона месозад.

Маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-дара”

29 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити кору хизматрасонии Маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-дара” шинос шуда, марҳилаи дуюми роҳи танобиро мавриди истифода қарор доданд.

President.tj

Ҳамватанони азиз!

Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд.

ИҚТИБОС АЗ ПАЁМ

Аз якуми июли соли 2024 нафакаи нафақахӯрон 30% ва маоши дигар сохторҳо 40 % зиёд карда шавад.

Паём 28.12.23

Иқтибос аз Паём

“Мо таъсиси мустақили давлати Фаластинро дар асоси қатъномаҳои қабулкардаи СММ ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири таъмини сулҳу суботи пойдор дар ин минтақа медонем.”

Эмомалӣ Раҳмон

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲНАМОИ МО

Ҳамсола дар кишвари соҳибистиқлоли мо Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ) ироа мегардад.

Вобаста ба ин кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври дастаҷамъона тамошо карданд.

Сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуллоҳи Қодирӣ

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Татбиқи ғояҳои ҷомеаи демократӣ, таҳкими пояҳои андешаи давлати миллӣ, рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, фароҳамгардидани зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ва ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сархатти кишварҳои амнтарину оромтарини сайёра давоми солҳои охир ҳама аз таъмини амнияти милливу давлатӣ ва суботи доимии сиёсӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 ҳисоботи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Страницы

Яндекс.Метрика