Иштироки Нуриддин Муминзода дар конфронси байналмилалӣ

Сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Нуриддин Муминзода дар конфронси байналмилалии «Одинадцатые Смирновские чтения по логике», ки рӯзҳои 18-21 июни соли 2019 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд. Мантиқшиноси љавон дар конфронси мазкур дар мавзӯи «Абу Бакр ар-Рази родоначальник логических наук в мусульманском Востоке» баромад намуд. Чи тавре аз номаш маълум аст, конфронси мазкур ёздаҳумин бор баргузор мегардад, ки он ба хотираи олимони барљастаи соҳаи мантиқ Владимир Александрович ва Елена Дмитриевна Смирновҳо бахшида шудааст.

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-МАРОМИ ПЕШБАРАНДАИ ҲАР ЯКИ МОСТ

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.

Ваҳдати миллӣ-омили муҳими пешгирӣ аз ифротгароӣ

Ҳар гоҳ дар бораи ба миён омадани консепсияи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сухан доир шавад, марҳилаи оғози расидан ба истиқлолияти давлатӣ пеши назар меояд. Дар солҳои 80-90-ум асри ХХ дар заминаи бӯҳрони ҷанги Афғонистон ва суст шудани пояҳои идеологияи давлатӣ на танҳо дар байни пайравони ислом, балки дар миёни муътақидони дину мазҳабҳои амалкунандаи дигари ҷомеаи шӯравӣ ҳам як ривоҷу равнақи бесобиқаи боло рафтани сатҳи таъсири ҷаҳонбинии динӣ шиддат гирифт.

Гузориш аз натиҷаи баргузории машварати корӣ ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар ВМКБ

Рӯзҳои 19 ва 20 июни  соли 2019 дар МИҲД-и  ВМКБ ҷаласаи машварӣ ба муносибати и  10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа муовини аввали раиси ВМКБ Мирзонаботов А. таъкид намуд, ки маҳз қабули қонуни мазкур на танҳо шароити мусоид барои фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ фароҳам овард,  балки қонун пеш аз ҳама ҳуқуқи шаҳрвандонро дар таъмини озодии виҷдон кафолат медиҳад. Аз ҷониби шаҳрвандон талаботи қонун бояд иҷро шавад.

Иштироки Нурулҳақов Қамар дар Симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзам Абуҳанифа

Сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосир Нурулҳақов Қамар дар Симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзам Абуҳанифа (р.а.), ки рӯзҳои 19-20 июли 2019 дар шаҳри Кобули ҶИА бо шукӯҳи хосса бахшида ба 1320 солагии пешвои мазҳабии аксари мусулмонони ҷаҳон баргузор гардид, ширкат ва маърӯза намуд. Дар маърӯза, ки «Таҳаммулпазирӣ - ҷавҳари таълимоти каломӣ-фиқҳии Имоми Аъзам Абуҳанифа» ном дошт, ҷанбаҳои гуногуни таҳаммулпазирӣ дар афкори Имоми Аъзам ва мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафия баррасӣ ва баёни худро ёфтанд.

АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ ҲАМОИШИ МАШВАРАТИ ҲАМКОРӢ ВА ТАДБИРҲОИ БОВАРӢ ДАР ОСИЁ

Вақте мехоҳем доир ба нишасти панҷуми МҲТБО андешаҳои хешро иброз намоем, пеш аз ҳама, як савол ба назар ҷилвагар мешавад, ки аз кадом ҷиҳат ин ҳамоиш муҳим ва хотирмон мебошад. Барои посух ба саволи мазкур ва қайд намудани аҳамияту хотирмон будани ҳамоиш моро зарур аст, ки муҳити сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии

ОҒОЗИ РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР МҲТБО

Ҳамоиши Созмони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 15 июни соли 2019 дар Душанбе баргузор гардид, бегумон пойтахти кишвари моро ба майдони бузурге барои ҷустуҷӯи роҳу усулҳои тақвияти ҳамкорӣ ва ҳалли мушкилоти асосӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва қитъаи Осиё мубаддал сохт. Бо назардошти сатҳи баланди иштирок ва ҳамкории кишварҳои аъзо, инчунин муносибати дӯстона ва боэътимод дар байни онҳо метавон гуфт, ки Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои созмони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки бо истифода аз имкониятҳои гуногун ҳамгироии васеи инфрасохтории минтақавиро низ ба роҳ мондааст.

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ 5-УМИ МАШВАРАТИ ҲАМКОРӢ ВА ТАДБИРҲОИ БОВАРӢ ДАР ОСИЁ (CICA) ДАР ДУШАНБЕ

Рузи 14 июни соли 2019  ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (CICA) меҳмонони олимақом аз 27 давлати дунё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Чорабинии мазкур 15 июни соли ҷорӣ дар комплекси Кохи Наврӯз баргузор гардид, ки дар он  сарони 9 кишвар - Руссия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон,  Хитой, Туркия, Эрон, Шри Ланка, инчунин сарвазирон ва  вазирони корҳои хориҷии 18 кишвари дигари аъзои CICA ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.

Страницы