Рамазон беҳтарин фурсат барои анҷом додани амалҳои хайру савоб мебошад

Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Дар Тоҷикистон ситод оид ба баррасии муроҷиатҳои шахсони барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарордошта таъсис дода мешавад!

Дар Тоҷикистон ситод оид ба баррасии муроҷиатҳои шахсони барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарордошта таъсис дода мешавад
Зимни мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки дар назди Прокуратураи генералӣ ситод оид ба баррасии муроҷиатҳои шахсони барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарордошта таъсис дода шавад.

УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ ВА МАСЪАЛАИ ТАНЗИМ (Аз устод Айнӣ танҳо як қасидаи мадҳия боқӣ мондааст ва он дар мадҳи кист?)

Шояд хонандаи азиз бо мутолиаи сарлавҳаи ин мақола тааҷҷуб кунад ва андешае ба хотираш бигзарад, ки имрӯзҳо ба такаллуф ва ба зӯр масъалаҳои мубрами рӯзро ба ҳар чизе рабт медиҳанд ва манбаъсозию марҷаъпардозӣ мекунанд.

Идомаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат

Ҳозирини гиромӣ!
Ҳоло дар кишвар 3 хона – интернати пиронсолон ва маъюбон бо 384 нафар бошандагон, аз ҷумла 196 нафар пиронсолон 4 хона – интернати беморони рӯҳӣ бо 893 нафар бошандагон, аз ҷумла 842 нафар маъюбони бемориҳои рӯҳӣ, 61 мактаб-интернат, аз ҷумла 14 мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ ва 47 мактаб – интернати дорои мақоми маҳаллӣ фаъолият дорад.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар

9 март дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карданд.

ҲИКОЯТ АЗ "НАСИҲАТ-УЛ-МУЛУК"- МУҲАММАД ҒАЗЗОЛӢ

Ба рӯзгори Нӯшервони одил марде аз марде замине харид. Ва андар он ҷо ганҷе ёфт. Зуд ба наздики фурӯшанда шуду ӯро хабар дод. Гуфт: «Ман туро замин фурӯхтам ва аз ганҷ хабар надораму надонам. Он чи ёфти туро муборак бод». Гуфто: «Нахоҳам ва дар моли касон тамаъ накунам». Ва бад-ин маъни доварӣ миёни эшон дароз бибуд ва пеши малики одил Нӯшервон рафтанд ва ҳол боз гуфтанд. Нӯшервонро хуш омад. Гуфт: «Шуморо фарзандон ҳастанд?». Яке гуфт: «Ман писаре дорам». Ва дигаре гуфт «Ман духтаре дорам».

МОДАР – ОЛИҲАИ ҲАСТИИ ИНСОНИЯТ

Модар маҳз олиҳаи ҳастии инсоният мебошад. Модар калимаест, ки вирди забонҳо давр мезанад. Модар ҳастии инсонро ифода менамояд. Модар шахсест, ки ба инсон ҳаёт мебахшад. Модар ноёбтарин ганҷи бебаҳост. Беҳуда нагуфтаанд, ки биҳишт зери қудуми модарон аст.
 
Модар фаришта аст, ки офаридгор ба инсон додааст. Аз модар ҳаёт оғоз меёбад. Модар роҳнамо ва роҳкушоӣ инсон аст. Модар тарбиятгар ва таълимдиҳандаи инсон мебошад. Модар сарчашмаи тамоми бурдбориҳо ва мувафаққиятҳои фарзанд мебошад.

БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР. 9 нафар бонувони Маркази исломшиносӣ қадрдонӣ шуданд

7-уми марти соли равон дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маросими таҷлил аз Рӯзи Модар муовинон ва ҳайтаи корманадони Марказ иштирок доштанд.

Страницы

Яндекс.Метрика