Дар бораи мо

    Маркази исломшиносии дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин муассисаи давлатии тадқиқотӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ, коршиносӣ ва машваратӣ буда, бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад. 29 апрели соли 2008 таъсис ёфтааст, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахри Душанбе вокеъ гардидааст.
 
     Директор – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор. 
 
    Мақсад ва вазифаи асосии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини асосҳои илмии сиёсати давлатии муносибат ба дин ва озодии виҷдон, таҳияи консепсияю барномаҳои рушди ҳаёти динии ҷомеа, муайян намудани робитаи мероси исломӣ ба фарҳанг ва тамаддуни миллӣ мебошад.
- таъмини асоснокии илмии (06.07.2018 No 1067) сиёсати давлатии муносибат ба дин ва озодии вичдон;
- таҳияи консепсияҳои давлатӣ ва барномаҳои тадқиқоти марбут ба рушди ҳаёти динии ҷамъият; (06.07.2018 № 1067)
- муайян намудани робитаи мероси исломӣ бо фарҳанги миллӣ; (06.07.2018 № 1067)
-  муайян кардани мавқеъ ва нақши дини исломӣ дар фарҳанги миллӣ ва ҷаҳони муосир;
- таъсиси ҳазинаи маълумот бо максади таъмини иттилоот ба Президенти Чумҳурии Точикистон бо маводи илмию назарияви оид ба ислом ва иттиҳодияҳои динӣ;
- пешгӯии дурнамои рушди равияҳои динӣ ва иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян намудани аҳамияти таърихӣ ва амалии мактабҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеаи исломӣ;
- таҳлили илмию назариявии расму оинҳои динию ҳалқии анъанаҳо дар танзими ҳаёти ҷамъият; (06.07.2018 № 1067)
- баҳои ҳолисона ба нақши таърихӣ ва амалии руҳониёни дин дар ҳаёти чамъиятӣ;
- фароҳам овардани фазои илмӣ барои рушди тамоюли муколамаи дину тамаддунҳо дар ҷомеаи тоҷик.
 
Вазифаҳои асосии Марказ:
- тадқиқи илмии қонуниятҳои инкишофи ҳаёти чамъиятию динии мамлакат;
- таҳлили моҳият ва ҳусусиятҳои омили динӣ дар татбики сиёсати давлат дар соҳаи дин:
- омӯзиши сарчашмаҳои исломӣ ва мероси ҳаттӣ ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ; (06.07.2018 № 1067)
- амалӣ намудани тадқиқоти илмӣ оид ба ҷой ва нақши ислом дар ҷомеаи тоҷик ва ҷаҳони муосир;
- ҷамъоварии маводи илмӣ оид ба ислом ва фаъолияти ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳлили иттилоотии он;
- омӯзиши равияҳои динӣ, моҳият ва ҳусусиятҳои ҳаракатҳои динию сиёсӣ, падидаҳои терроризми динӣ ва ифротгароӣ дар ҷомеаи муосири мусулмонӣ, таҳлили стратегии таъсири омили исломӣ ба муносибатҳои баӣналмилалӣ;
- омузиши вижагиҳои таъриҳии инкишофи ҳукуки исломӣ ва мавкеи он дар низоми ҳукукии миллӣ ва чаҳонӣ;
- омузиши қонуниятҳои ташаккул ва инкишофи системаи динию расмӣ ҳамчун омили муҳими танзими ҳаёти чамъиятӣ;
- таҳлили илмии вижагиҳои таркибию фарҳангии дини ислом ва таҳаввули накши идеологии он дар ҷомеаи мусулмонӣ (06.07.2018с., No1067);
- татбиқи тадқиқоти муқоисавии динӣ вобаста ба омили динӣ ва таъсири мутақобилаи динҳо дар шароити таҳкими тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ;
- Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти даҳлдор пешниҳод намудани маводи таҳлилӣ ва маърузаҳо, тавсияҳо оид ба масъалаҳои сиёсати давлат дар соҳаи муносибатҳои баӣни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ;
- омӯзиши мушкилоти марбут ба нигоҳ доштани муколамаи баӣни динҳо, ноил шудан ба таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми мутақобила дар муносибатҳои намояндагони динҳои гуногун;
- таҳлили конунгузории байналмилали ва амалияи муносибатҳои байни давлатҳои ҳориҷӣ ва иттиҳодияҳои динии онҳо, таъмини робитаҳои илмӣ бо сохторҳои даҳлдори давлатҳои хориҷӣ;
– нашри маълумотнома ва маводи иттилоотию таҳлилӣ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Марказ тааллуқ доранд, пешниҳод ва ба фуруш гузоранд. (06.07.2018 № 1067)
 
Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 99232  ш. Душанбе, кӯчаи Шодмонӣ 58/1;  
телефон: 224-09-96; Email: info@mit.tj
Яндекс.Метрика