Шуъба дар асоси ӯҳдадориҳои вазифавӣ таҳқиқи масъалаҳои зеринро анҷом медиҳад:
- аз нигоҳи илмӣ таъйин намудани асосҳои сиёсати давлатии муносибат ба дин;
- таъсиси хазина (бонк)-и иттилоотӣ доир ба ислом;
- таҳлили фазои иттилоотии динӣ дар ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ;
- омӯзиш ва таҳлили равандҳои номатлуби сиёсӣ-иҷтимоии дар заминаи андешаҳои динӣ тавлидшаванда;
- шиносоӣ ва ташхиси илмию диншиносии маводи ба табъ расида;
- истифода ва баҳрабардорӣ аз методологияи навини илмӣ-диншиносӣ;
- муайян намудани самти илмии исломшиносӣ дар Тоҷикистон;
- баррасии мушкилоти тавсеаи мафкураи динӣ дар кишвар;
- таҳқиқи маърифати динӣ аз дидгоҳи давлатдории миллӣ;
- таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва чопи мақолаҳои илмӣ.