«АЛЛОМА АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ»

Ба бузургдошти соли таваллуди аллома Ҳаким Абурайҳони Берунӣ Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» китоби шоир ва олими тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи табиатшиносии Русия Ҳасани Султонро таҳти унвони «Аллома Абурайҳони Берунӣ» ба нашр расонд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 
Китоби мазкур дар мамлакати мо асари нисбатан мукаммал буда, дар он баъзе воқеоти муҳими рӯзгор ва хусусияти осори маъруфи Берунӣ баён гардидааст.
 
Ёдовар мешавем, ки имсол ба таваллуди ин донишманди бузурги тоҷик 1050 сол пур мешавад ва ин ҷашн аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи ҷашнвораҳои сол ворид карда шудааст.
 
Абурайҳони Берунӣ яке аз бузургтарин алломаҳои Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муарриху ҷомеашинос ва аз зумраи донишмандони бузурги мардуми тоҷик барои ҳамаи замонҳо мебошад.
 
Миқдори таълифоти Беруниро муҳаққиқон аз 130 то 180 асар донистаанд, вале 20 асари ӯ аз осеби замонҳо дар амон монда, то ба имрӯз расидааст.
 
БОЗНАШР АЗ СОМОНАИ АМИТ «Ховар»

Яндекс.Метрика