«КОРВАНД» – САРЧАШМАИ КУҲАНИ ПАҲЛАВӢ

Абуусмон Амр ибни Баҳр, ки бо тахаллуси Ҷоҳиз (асри IX) машҳур аст,  донишманди тирози аввали ҷаҳони ислом буда, ҳамчун адиб, ҷонваршинос, равоншинос, хушсухан (оратор), хушнавис машҳур буда, аз ҷумлаи мухолифони сарсахти ҳаракати шуубия мебошад. Ӯ бо ин вуҷуд эътироф мекунад, ки мардуми Аҷам то омадани арабҳо ва густариши ислом дар фанни фасоҳату балоғат аз мардумони дигари ҳамзамон пешгомтар будаанд. Ӯ сипас тавсия мекунад, ки «агар касе хоҳад дар фанни суханварӣ ба натиҷае расад, боястӣ китоби «Корванд»-и порсиёнро бихонад» .

 

Перомуни санаи дақиқи таълифи ин китоб ва муаллифи он чизе гуфта наметавон. Зеро дар ин бора ҳеч иттилоъе дар даст надорем. Матни ин китоб мувофиқи ахбори Ҷоҳиз ва дигар донишмандон то асри IX-и милодӣ дар дастрас қарор доштааст. Бо сабабҳои номаълум онро аз байн бурдаанд ё шояд мисли ҳазорон китоби дигар дар замони авҷи таассуб ва ҷанг бо осори тоисломӣ аз миён рафтааст. Аз ин ишораи кӯтоҳ вале муфиди Ҷоҳиз ба чунин хулосае метавон расид, ки аҷдоди мо ба шевогуфторӣ, сухандонӣ ва гузидагӯӣ хеле арҷ мегузоштаанд. 

 

Дар китоби машҳури Ибни Надим «ал-Феҳрист» низ ишора мешавад, ки порсиён ганҷинае бо номи «Корванд» доштаанд. Вуҷуди чунин китоб гувоҳи равшани ғановатманд будани фарҳанги навиштану гуфтан дар миёни аҷдоди мост.  

 

Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика