Абўҳанифа Нўъмон Ибни Собит, Имоми Аъзам (699-767) фақеҳ ва муҳаддис, асосгузори мазҳаби ҳанафӣ дар оилаи тоҷири сарватманд таваллуд ёфта, дар синни 22- солагӣ шогирди яке аз фақеҳони машҳури ироқӣ Ҳаммод ибни Абўсулаймон гардидааст. Дар давоми 18 - сол, яъне то вафоти устодаш таълим гирифта, 10-сол баъди реҳлати устод маҳфили ўро ҳамчун фақеҳи бонуфузтарини Кўфа ва Басра сарварӣ намудааст.
Абўҳанифа солҳои 747-748 бо мақсади раҳоӣ аз волии Ироқ Ибни Хубайр, ки ўро пайваста ба хизмати дарбор даъват менамуд, ба Макка сафар мекунад. Танҳо баъди ба сари ҳокимият омадани Аббосиён, Абўҳанифа ба Ироқ бозгашт намуда, фаъолияти илмии худро идома додааст. Халифа Мансур ба ў ишғол намудани мансаби қозӣ ва дигар мансабҳои баландмақом ба Бағдод даъват намуд, вале ў аз ишғоли ҳама гуна вазифаю мансабҳои расмӣ рўй мегардонад. Халифа барои ин амал ба ғазаб омада, ўро ба зиндон ва таъзияву озор гирифтор намуд, ки оқибат бо марги ў анҷом ёфт.
Муаррихони исломӣ Абўҳанифаро асосгузори анъанаи хаттии фиқҳи исломӣ эътироф намуда, ба ў аввалин таълифоти фиқҳӣ «Ал фиқҳ-ал акбар» ва ё «Асл-ут-тавҳид»-ро мансуб медонанд. Дар он нуктаҳои асосии таълимоти ислом оид ба тавҳид, сифатҳои Худованд, Қуръон ҳамчун Каломуллоҳ, озодии ирода, гуноҳҳои кабира ва сағира, корҳои хайр ва подоши онҳо, қазову қадар ва ғ. мавриди андешаронӣ қарор гирифтаанд.
Хусусиятҳои фарқкунандаи мазҳаби ҳанафӣ:
Қуръон ба сифати сарчашмаи ҳуқуқ (фиқҳ) комилан ва бидуни қайду шарт эътироф мешавад;
суннатро ҳамчун, сарчашмаи мустақил танҳо баъди интихоби дақиқи ҳадисҳо эътироф менамояд; иҷмоъ танҳо дар ҳолате ба эътибор гирифта мешавад, ки агар он бар ҳадисҳои боэътимод асос ёфта бошад. Ҳангоми мавриди баррасӣ қарор гирифтани масоили нав иҷмоъи ҳар гурўҳи бонуфўз ба назар гирифта мешавад ва ба ҳамин имконияти иҷмоъи минтақавӣ фароҳам оварда мешавад.
Қиёс бошад метавонад дар асоси маводи мўътамад бо ба назар нагирифтани нуфузи муаллифон, вале он ҳатман бар мантиқ асос ёфта бошад.
Ҳамчунин усуле, ки тавассути он ҳалли бар қиёс асосёфтаро метавон ислоҳ намуд, истеҳсон истифода мегардад.
Истеҳсон дар ҳолате истифода мешуд, ки ҳангоми истифодаи усули қиёс зимни ҳалли масоили нофаҳмо ва баҳснок ҷиҳати манфиати он барои уммати мусулмон ба назар гирифта мешавад.
Мазҳаби ҳанафӣ истифодаи васеи урфро ҳамчун сарчашмаи ёридиҳанда ва мустақил иҷозат медиҳад ва ин усул имкон медиҳад, ки муносибатҳо сода гардонида шуда бо ғайри мазҳабон шартномаҳои ҳамкорӣ барқарор карда шавад. Маҳз ба туфайли ҳамин таҳаммулпазирӣ аз асри XI сар карда, ҳанафия ба шимолу шарқи хилофат интишор ёфта, масоҳати зиёдеро ишғол менамояд.
Имом воқеан асосгузори мактаби мустақили хуқуқӣ мебошад. Мактаби ў дар асоси усулҳои умумӣ ва принсипҳои аҳкоми шаръӣ (меъёрҳои умумиҳатмии Қуръон ва суннат), эътирофи ақидаи саҳобаи киром ва хулафои рошидин тавассути унсурҳои ақлии қиёс ва истеҳсон - қарори вобаста ба вақт, шароит ва талаби мардуми манфиатдор инкишоф ёфтааст. Таълимоти ҳукуқии Имоми Аъзам ва пайравони ў мактаби хосаи ҳуқуқии диниеро мемонад, ки ташаккул ва инкишофи он тавассути усулҳои ақлӣ сурат мегирад. Такя ба ақл дар ҳалли масоили ҳуқуқӣ, тавассути қиёс ҳал намудани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, дар ҳолати мушкилии истифодаи қиёс ба инобат гирифтани шароити таърихӣ манфиати субъектон ва талаботҳои умумии аҳкомии шариатӣ истифодаи истеҳсон, ў ва пайравони ўро чун кушояндагони мушкилиҳои ояндаи ҳуқуқи исломӣ муаррифӣ кардааст. Аз ин рў, маҳз истифодаи васеи усулҳои ақлии муносибатҳои ҳуқукӣ омили такмили мазҳаб ва мактаби ҳуқуқии ў гаштааст.
Идома дорад…
А.Ваҳобзода – муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон