«МАҚОМ ВА НАҚШИ ИСЛОМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН», ҚИСМАТИ 4

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва дастуру супо-ришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмати чаҳоруми ҷамъбастии маҷмӯаи мақолаҳоро зери унвони “Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз чоп баровард.

Дар маҷмӯаи мазкури мақолаҳои илмӣ масъалаҳое баррасӣ гарди-даанд, ки дар доираи иҷрои лоиҳаи Барномаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзӯи «Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои сол-ҳои 2015-2019) пешбинӣ шудааст. Дар зимни он ҷойгоҳи ислом ҳамчун як унсури муҳими фарҳанги миллӣ дар ҳаёти гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистон, таносуби миллият ва диният дар худшиносии миллат, роҳҳои аз тариқи безарар, мусолиматомез ва бо ҳифзи асолати миллӣ ва динӣ гузаштан ба марҳилаи сифатан нави эҳёи фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои мубрами марбут ба мақом ва нақши ислом дар ҳаёти динӣ-фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеаи муосири Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ шудаанд. Итминон дорем, ки маводи китоби чаҳорум низ барои оли-мону коршиносони бахшҳои диншиносӣ, исломшиносӣ, шарқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, таъриху адабиёт, мероси ниёгон ва оммаи васеи хонандагон муфид хоҳад буд. 

 

Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

– Душанбе: «Мусъаб-1», 2019. – 300 с.

 

        ISBN 978-99975-61-86-2

Яндекс.Метрика