«НИШАСТААМ ВА МУНТАЗИРАМ, КИ КАЙ ОНҲО МЕОЯНДУ МАРО МЕКУШАНД»: ВАЗЪИ ЯК ҶАВОНЗАНИ ФАЪОЛИ АФҒОН ДАР СУЛТАИ ТОЛИБОН

Зарифа Ғаффорӣ дар Кобул дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ таваллуд шуда, бо воя расидааст. Айёми кӯдакии вай дар охири солҳои   1990 замоне  сипарӣ шудааст, ки дар кишвар толибон ҳукм меронданд.Тибқи қонкунҳои динии он замон, зан  ҳатман бояд бо   фаранҷӣ ва ба кӯча мебаромад ва  ҳатман ӯро як хеши наздику маҳрам ҳамроҳӣ мекард. Барои он ки занҳоро аз кӯча набинанд, тирезаҳои ошёнаҳои якуму дуввуми биноҳои истиқоматиро  ранги сиёҳ мекарданд, ё бо пардаҳои ғафс мепӯшониданд.  Чунин вазъи сангин барои рушд намудани ҳар  гуна бемориҳои рӯҳӣ ва тамоюли худкушӣ дар байни занон сабаб мешуд. Занону духтарони афғон ҳуқуқи таҳсил, кор ва машғул шудан ба сиёсатро надоштанд. Онҳо худро дуруст табобат карда наметавонистанд, дар бемористонҳо аксаран мардҳо кор мекарданд ва ягона коре ки аз дасти онҳо меомад,  ин буд ки шикояти беморзани фаранҷипӯшро шунида, барояш ин ё он доруро тавсия мекарданд. Барои риоя накардани шариат занонро тозиёнву шаллоқ мезаданд, ҳатто  қатлу сангсор мекарданд. 

Пас аз саркӯб шудани  ҳукумати толибон дар соли 2001 ва ворид шудани низомиёни ИМА ва эътилофи байналмилалӣ ба Афғонистон, занону духтарони афғон аз нав ҳуқуқи таҳсил ва кор карданро соҳиб шуданд. Зарифа он замон ҳафтсола буд. Вай дар синни 16-солагӣ ба Донишгоҳи Панҷоби Ҳиндустон дохил шуда, онҷо илми иқтитсодро аз бар кард. Солҳои 2014-2015 Зарифа Ғаффорӣ яе созмони  мададрасону машаварати ҳуқуқӣ ва шабакаи радиои Peghla FM –ро таъсис дод, ки фаъолияти он ба мақсади  ҳимоя ва тарғиби ҳуқуқу озодиҳои занони афғон равона карда шуда буд. .

Зарифа Ғаффорӣ соли 2018 мири Майдошншаҳр – маркази маъмурии вилояти Вардак, ки . аксарияти аҳолии онро   ҷонибдорони толибон ташкил медоданд, таъйин шуд. Ба мансаби мири Майдоншаҳр таъйин шудани ин ҷавонзани 27 - сола дар байни мардуми ин вилоят ҳисси норозигиро ба вуҷуд овард. Бинобар ҳамин, ҳанӯз рӯзи якуми ба иҷрои вазифа шурӯъ кардани ҷавонзани сиёсатмадор як анбӯҳи мардон бо сангу калтакҳо мусаллаҳ шуда ба утоқи кории вай ҳуҷум карданд ва пулиси шаҳр ба мақсади таъмини бехатарӣ ӯро аз Майдоншаҳр берун бурд. .  Танҳо пас аз нӯҳ моҳ Зарифа Ғаффорӣ тавонист ба иҷрои вазифаи мири Майдоншаҳр шурӯъ кунад. Аввалин коре, ки ӯ анҷом дод, ин буд, ки бархе аз мансабдоронро бо иттиҳоми ришвахӯрӣ аз вазифаашон барканор карда, аз пайи ҳалли масоили сохтмону шаҳрсозӣ ва экологӣ шуд ва зимнан, нақшаи сохтмони фурӯшгоҳҳои махсусро матраҳ кард, ки дар онҳо занон маҳсулоти худашон истеҳсолнамударо ба фурӯш  мебароварданд.

Ба ин ҷавонзани сиёсатмадор борҳо таҳдид намуда, ба ҷонаш сӯиқасд низ карданд.  Тибқи иттилооти расонаҳо,. Департаменти давлатии ИМА моҳи октябри соли 2020  изҳороте пахш намуд ва дар он шашумин сӯиқасди толибон ба ҷони ин ҷавонзани сиёсатмадорро маҳкум кард.. Маҷаллаи Time навишта буд, ки танҳо дар нимаи аввали  соли  2021 толибон се маротиб ба ҷони Зарифа Ғаффорӣ сӯиқасд карданд, вале, ҳушбахтона, дар ҳар се маврид тирашон хок хӯрд. Моҳи ноябри соли 2020 душманон падари ӯ – афсари баландрутбаи ҳарбиро дар остонаи хонааш дар шаҳри Кобул тирборон карданд. Зарифа мегӯяд, ки падарашро толибон куштанд: «Ин ҷиноят кори «Толибон» аст. Дар Майдоншаҳр ман ба онҳо лозим нестам, Маҳз барои ҳамин онҳо падари маро куштанд

Рӯзи 17-уми август Зарифа дар  мусоҳиба бо хабарнигорони  Sydney Morning Herald  иқрор шуд, ки ҳоло ҳамаи аҳли хонаводааш дар тарсу ҳарос ба сар мебаранд.  «Толибон, ки  шаҳрро муҳосира кардаанд, кори онҳо куштан ва хароб кардан аст. Ҳамаи мо метарсем. Модари ман метарсад. Агар ман кушта шавам, ҳоли бародарону хоҳарон ва номзадам ҷӣ мешавад? Додари хурдии ман доимо гиря карда аз ман илтиҷо мекунад: «Апаҷон, агар тавонӣ аз ин ҷо рав!» - мегуяд  Зарифа Ғаффорӣ дар сӯхбат бо хабарнигорон. . 

Ба гуфтаи Зарифа Ғаффорӣ, аҳолӣ  барои аз тарафи толибон ба таври ногаҳонӣ забт шудани Кобул омода набуд, Мардум бовар намекард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо онҳо чунин муносибат мекунад . Вай ба изҳороту ваъдаҳои  пешвоёни «Толибон», дар ин хусус, ки  барои занон ҳуқуқи таҳсил ва корро кафолат медиҳанд ва ашхосеро, ки бо ҳуқумати Афғонистон ва низомиёни хориҷӣ ҳамкорӣ кардаанд, таъқиб наҳоҳанд кард,   бовар намекунад. Вай меғӯяд: «Толибон дар бораи ҳуқуқи инсон, зан, қонуният ва сиёсат чизе намедонанд». 

Аллакай, тибқи иттилои баъзе расонаҳо, толибон дар баъзе музофотҳои ишғолнамудаашон тартиботеро барқарор  кардаанд, ки 20 сол муқаддам ҷорӣ карда буданд. Дар Қандаҳор ва Хирот толибон ҳамаи занонеро, ки дар бонкҳои ин ду шаҳр кор мекарданд, аз кор рондаанд ва ба онҳо гуфтаанд, ки ба  ҷойи онҳо  шавҳаронашон ё ягон   хешмардашонро ба кор қабул мекунанд.  Дар вилояти Тахор духтаронеро, ки аз сабаби бе ҷуроб пӯшидани кашф қисме аз пойҳояшон намоён буд, аз моторикша (сечарха) фароварда, калтакборон  кардаанд. Дар маҷаллаи . The Wall Street рӯзноманигорон аз аз забони шоҳидони афғонӣ хабарҳоеро нашр кардаанд, ки тибқи онҳо   толибон  занону духтаронро маҷбуран ба никоҳи худ дароварда истодаанд. Бо вуҷуди он, ки , намояндагони баландмақоми «Толибон»  дурустии ин хабарҳоро рад мекунанд, аммо бо ишора ба таҷрибаи ҳукмронии онҳо дар охири солҳои 1990, метавон гуфт, ки ин хабарҳо беасос нест ва аз дасти ин тоифаи мутаассиб ҳар кори зишту палидиро  чашм доштан мумкин аст.

Соли 2019  «Би-би-си» Зарифа Ғаффориро ба феҳристи 100 нафар бонуфузтарин ва илҳомбахштарин занони ҷаҳон шомил кард. Пас аз як сол, яъне соли 2020 Департаменти давлатии ИМА ӯро бо ҷоизаи байналмилалии «Зани шуҷоъ» сарфароз намуд. Инак ҳамин ҷавонзани маъруф ва бонуфуз имрӯзҳо дар натиҷаи истилои Кобул аз ҷониби толибон, ҳамроҳи аҳли хонавода дар кунҷи хона, рӯҳафтодаю дилозурда,  интизори қотилони худ нишастааст ва мегӯяд: «Ба ростӣ, ман дигар аз ин ҷаҳон чизеро намехоҳам ва умед надорам. Онҳо (толибон)» ҳамаро барҳам медиҳанд.  Ман дигар чизеро аз онҳо интизор нестам. Агар онҳо ҳуқуқу озодиҳои моро эътироф мекарданд, он дастоварҳоеро, ки тӯли 20-сол дар Афғонистон ҳосил шуда буд, барбод намедоданд».

Манбаъ: https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20210819/ya-sizhu-i-z...

Аз русӣ тарҷумаи Шоев З. 

Яндекс.Метрика