Муаррихони мусулмон дар таърихи башарият ҷойгоҳи махсуси худро соҳиб гаштаанд. Имрӯз қариб ҳамаи навиштаҳои муаррихону муҳаққиқони муосир дар асоси навиштаҳои таърихнигорони асримиёнагӣ бунёд ёфтаанд. Ин маъхазҳо сарчашмаҳои гаронбаҳое мебошанд, ки дар омӯхтан ва сабт кардани таърихи инсоният саҳми аввалиндараҷа доранд.
Яке аз бузургтарин муаррихону мутафаккирони ислом файласуф ва фақеҳи маъруфи асримиёнагӣ Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язид ибни Касири Табарӣ (838-922) мебошад, ки дар китоби рушду нумуи тамаддуни таърихӣ ва исломӣ саҳифаҳои махсусеро ишғол менамояд. Асари безаволи ӯ «Таъриху-р-русул в-ал-мулук», мебошад ки навиштаҳои ӯ оид ба фиқҳ ва тафсири Қуръон то имрӯз дар байни олимону зиёиён, мардуми бофарҳанги тамоми манотиқи рӯи замин мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифтаанд.
Хусусан асари машҳури ӯ, ки имрӯз бо номи «Таърихи Табарӣ» (Таърихи пайғамбарон ва шоҳон ) маълум аст, намунаи ҷиддии асарҳои илмию таърихии асрҳои IX ва аввали асри X ба ҳисоб меравад. Ин асар дар тамоми ҷаҳони ислом ва берун аз он ҳамчун маҷмӯи бемисли маводу маълумотҳои воқеӣ истифода мешуд ва имрӯз ҳам муаррихону муҳаққиқон онро ҳамчун маъхази муҳими таърихӣ ба кор мебаранд ва дар миёни кулли омма бо маълумотҳои нодири худ маври таваҷҷуҳ қарор дорад.
Баъд аз вафоти муаллиф «Таърихи Табарӣ» дар шакли нисбатан мухтасар бо забони арабӣ дар Андалус ва бо забони форсӣ дар Бухоро пайдо гардид. Асари мазкур, ки бо фармони амири сомонӣ Мансур ибни Нуҳ аз ҷониби Абуалии Балъамӣ бо форсӣ тарҷума гардида буд, маротибаҳои зиёд рӯнавис карда шуда, ба забонҳои турқӣ, ҳинду, фаронсавӣ ва ҳатто боз ба арабӣ гардона шуд. Дастнависи аслии арабии «Таърихи Табарӣ» ба шакли комил имрӯзҳо дар ягон китобхона вуҷуд надорад. Соли 1871 барои ҷамъ овардани ҷилдҳои парокандаи ин асари безавол аз китобхонаҳои гуногун ва барқарор намудани матни комили асар кӯшише пайдо шуд. Бо саъю маблағгузориҳои созмонҳои байналхалқӣ ин кӯшиш амалӣ карда шуд ва танҳо соли 1901 интишори китоб ба охир расид. Маълум гардид, ки барқарор намудани матни комил аз қисмҳои канда-канда танҳо ба миқдори муайян муяссар гардидааст. Баъзе ҷилдҳои матни мухтасаргардидаи Табариро дар бар гирифтаанд. Муаррихони мусулмон дар баёни баъзе воқеаҳои таърихӣ аз матне истифода бурдаанд, ки нисбат ба матни нашри байналхалқӣ пуратар буд.
Ин асари гаронбаҳоро соли 963 вазири Сомониён Балъамӣ ба забони форсии дарӣ тарҷума карда, ба он «Таърихи Табарӣ» унвон гузоштааст, ки ин асари нотакрор ба мавзуҳои таърихи паёмбарон ва шоҳон бахшида шудааст. Асар чун солнома таълиф шуда, маълумотҳо дар он аз рӯи мавзӯъ ва ба таври хронологӣ нигошта шудаанд. «Таърихи Табарӣ» аз муқаддима оғоз гардида, дар бораи 25-пайғамбаре ки дар Қуръон номашон омадааст ва мавзӯҳои тавсифи халқҳои қадимии Шарқи Наздик, таърихи давлати Сосониён, замони Муҳаммад (с) ва чаҳор халифаи баъд аз ӯ (Абубакр, Умар, Усмон, Алӣ) инчунин хилофати Уммавиён ва Аббосиёнро фаро мегирад. Яъне асар аз оғози дунё шуруъ гардида то замони худи муаллифро пурра дар бар гирифтааст.
Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ат-Табарӣ соли 838 мелодӣ дар шаҳри Омул воқеъ дар Эрони имрӯза таваллуд шудааст ва соли 922 мелодӣ дар шаҳри Бағдод вафот кардааст. Яке аз олимони забардасти қуръоншинос, таърихшиноси барҷастаи асри Х мебошад, ки маҷмӯи муфассали таърихи умумии исломӣ ва ҷаҳониро таълиф намудааст.
Худи муаллиф дар бобати нигориши асараш иброз менамояд, ки онро дар 3000-саҳифа омода намудааст ва дар аввал аз 16-ҷилд иборат будааст. Боре муаллиф ҳангоми суҳбат бо шогирдонаш иброз менамояд, ки мехоҳед асаре таълиф намоям, ки ҳамаи оламро аз оғоз шарҳ диҳем ва дар 30-ҷилд ҷамъ оварем. Аммо бо хулосаи худи дӯстонаш дар 30-ҷилд нею дар 16 ҷилд омода шуд. Барои кутоҳ гардидани он, ки ба хонанда ҷолиб бошад ва боиси мушкили нагардад, 16-ҷилд ба 8-ҷилд табдил дода шуд. Ва ҳар ҷилди имрӯзаи он аз ду ҷузъ иборат аст ва ба ҳисоби миёна 400 саҳифагиро ташкил медиҳанд. Ҳангоми ба форсӣ баргардон намудан шояд дар саҳифаҳо каму беши дида шавад аммо матнҳо пурра мебошанд.
Муаллифи забардаст дар нигориши асари гаронбаҳои хеш ҷиду ҷаҳди зиёд намуда, барои нигориши ҳар ҷилди он то 30-адад адабиёт истифода намудааст, масалан дар боби нигориши таърихи паёмбарон аз достонҳои қуръонӣ, қисаи паёмбарон «Қасас-ул- Анбиё» истифода намуда ва сафарҳо анҷом дода то аз шарҳи бисёр ҳодисаҳо аз наздик ошно гардидааст. Инчунин аз китобхонаҳои маъруфи он замон дидан намуда бо бисёре аз олимону донишмандони маъруфи асри хеш аз наздик суҳбатҳо анҷом додааст.
Дар замони имрӯза 8-ҷилди он боқи мондааст, ки мавриди истифодаи васеи кулли муаррихону донишмандон ва дигар табақаҳои ҷомеа мебошад. Нусхаҳои он дар китобхонаҳои шаҳрҳои Москва, Ленинград, Тошканд, Теҳрон, Душанбе ва ғайра маҳфузанд. Соли 2007 «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» дар нашриёти Нури маърифат, дар шаҳри Хуҷанд аз чоп баромад, ки дар ду китоб мебошад.
Санавбар Шарифова - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ