«ҲАҚИҚАТИ ТОҶИКИСТОН» ДАР НИЗОИ МАРЗӢ

Берун аз ҳудуди кунунии Тоҷикистон қарор доштани як қисми минтақаҳои тоҷикнишин ноадолатии бузурге ҳаст, ки ҳангоми тақсимоти миллӣ-ҳудудии ибтидои асри ХХ миллати тоҷик бо он рӯ ба рӯ шудааст. Дар баробари ин, то ҳол ҳамсоядавлати мо – Қирғизистондар талоши он аст, ки қитъаҳоизаминҳои дар даврони Шӯравӣ ва пасошӯравӣ, бидуни ягон ҳуҷҷати расмӣ соҳибшуда ва ғасбнамударо ба соҳиби қонунӣ – Тоҷикистон барнагардонад. Маълум аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми кушишҳои худро ба он равона кардаанд, ки бо роҳи осоишта ва музокирот масъалаи марзиро боадолатона ҳал намоянд, аммо роҳбарияти ҳамсоякишвар далелҳои таърихӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии тақсимоти марзиро ба инобат намегиранд. Онҳо медонанд, ки ҳақиқат ба ҷониби мост ва дар раванди музокироти осоишта бояд заминҳои дар давраҳои гуногун худсарона ғасбнамуда ва ишғолнамударо озод намуда, ба Тоҷикистон баргардонанд. Аммо ҳукумати кишвари ҳамсоя бо роҳи иғвоандозӣ ва дасисабозӣ аҳолии осоиштаи ду тарафи марзро ба низоъ кашида, бо ин восита вазъиятро ноором месозад ва роҳҳои ҳалли осоиштаи масъалаҳои марзиро ғайриимкон мегардонад.

Моҳи ноябри соли равон сиёсатшинос вакоршиноси донишманди тоҷик Абдуллои Раҳнамо дар сомонаи расмии хеш мақолаеро таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро ҶумҳурииТоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” ба нашр расониданд, ки аз ҷониби шаҳрвандониТоҷикистон, ҷомеашиносон, сиёсатшиносон ва коршиносони дохилию хориҷиикишвар баҳои баланди илмиро соҳиб гардид. Муаллифи мақола дар оғози таҳлили илмии хеш саволҳоеро мегузорад, ки воқеияти кунунии масъалаҳои марзиро инъикос намуда, мардуми шарифи Тоҷикистонро нигарон кардаанд. Коршинос дар мақолаи худ қайдменамояд, ки низои марзии байни Тоҷикистону Қиғизистон бо вуҷудипайдо шудани миёнаравҳо ҳал нагардида, балки торафт шиддат мегирад ва баҳси калони минтақавӣ ва байналмиллаӣ табдил меёбад.

Муаллиф хеле бомаврид ҳушдор медиҳад, ки давлат ва ҷомеаи мо бояд ба буҳронитӯлонӣ ва печидатар шудани низои марзӣ омода бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва мардум бояд дар ҳама ҳолат азмавқеъ ваманфиатҳоимиллию давлатии кишварамон пуштибонӣ ва дифоъ намоянд. Барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, огоҳии сиёсӣ ва омодагӣ аз дифои марзу буми кишвар бояд ҳамаи табақаҳои аҳолии Тоҷикистон дар бораи сабабҳои баҳсимарзӣ, мавқеи кишварамон дар низои сарҳадӣ, таърихи зиддиятҳоиаҳолии наздисарҳадӣ, ҳаққи қонунии миллати тоҷик дар қитъаҳои замини ғасбшудааз ҷониби ҳамсоякишвар ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиидар ин самт мавҷудбудаахбороти кофӣ дошта бошанд. Муаллиф бо мақсади саҳм гузоштан дар огоҳииаҳолии кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз заминаҳои таърихию ҳуқуқии пайдоишу паҳншавӣ ва печидатар гаштани низои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон, шарҳи далелҳои дақиқи ҳуқуқию таърихии асоснок будани мавқеи Тоҷикистон дар ин низои марзӣ ва ошкор намудани ҳақиқатуадолати таърихӣ чунин як пажуҳиши илман арзишмандеро ба анҷом расонидаанд.

Абдуллоҳи Раҳнамо ба санаду ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқӣ такя карда, иброз менамоянд, ки айни ҳол211 ҳазор гектари қитъаи замини ҳудуди Тоҷикистон аз тарафи Ҷумҳурии Қирғизистон ғайриқонунӣ ишғол гардида, аз тарафи аҳолии ин кишвар истифода мегардад. Минтақаи ғасбшуда, аз ҳудуди шаҳри Душанбе даҳ маротиба калонтар аства аз даврони Шӯравӣ ва баъдан давраи соҳибистиқлолӣ бо роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ аз тарафи Қирғизистон истифода мешавад. Ҷониби Қирғизистон бештари ин қитъаҳои заминро ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ аз худ намуда буд, аммо аз сабаби дар ҳудуди як давлати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ қарор доштан баҳсҳои марзии аҳолии наздисарҳадӣ то ин ҳад шиддат намегирифтанд. Бо соҳибихтиёр гаштани ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, зарурати муайян намудани сарҳади давлатии Тоҷикистон ба миён омад ва дар заминаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи расмии ҳуқуқӣ ҷониби Қирғизистон вазифадор буд, ки заминҳои ғайриқонунӣ ғасбнамудаи худро ба Тоҷикистон баргардонад, аммо ҳамсоякишвар дар вохӯриҳои сатҳҳои гуногунба санадҳои ғайриҳуқуқӣ такя намуда, бо роҳи қонунӣ ҳал намудани масъаларо қатъиян рад менамояд.

Боиси таассуф ҳаст, ки муносибатҳои сокинониду тарафи марз торафт шиддат мегирад, махсусан, аҳолӣ барои истифодаи захираҳои табиӣ, обу заминва роҳу гузаргоҳҳо бо ҳам бархӯрд намуда, ҳатто ҷони худро аз даст медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистондар ин низоъҳои сокинони марзӣ ҳамеша мавқеи муросокорӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳалли осоиштаи масъалаҳоро ишғол менамояд. Аммо, ҷониби Қирғизистон бо қабули баъзе аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва вокунишҳои тунду беасоси яктарафа ба оташи низоъ равған рехта, вазъи мушкили сарҳадиро боз ҳам мураккабу шиддатнок мегардонад, ки боиси хисороти зиёди ҷониюмолӣ ба сокинони минтақаҳои мазкурмегардад. Аз ин сабаб, бо вуҷуди музокироту созишномаҳои сатҳҳои гуногуни мақомоти давлатии ҷонибҳо,баҳси марзӣ ва низои сарҳадӣ хотима наёфта, баръакс муракккабу печидатар мегардад.

Абдуллоҳи Раҳнамо дар банди дуюми мақолаи илмии хеш ба ҳуҷҷатҳои таърихию ҳуқуқии муайянкунандаи сарҳадибайни Тоҷикистону Қирғизистон такя намуда, таъкид менамоянд, ки баҳсҳои марзӣ бояд дар асоси ҳуҷҷатҳои расмииаз расмиёти тасдиқи сатҳи давлатӣ ва байнидавлатӣ гузашта ҳалкарда шаванд. Муҳаққиқ собит менамояд, ки ҷониби Қирғизистон барои муайян намудани сарҳади байнидавлатӣ ба санадҳои байни шахсони алоҳида, ҷамоатҳо, хоҷагиҳо, шаҳру ноҳияҳо, комиссияҳо ва ғайра дар бораи истифодабарии заминҳо такя менамояд. Ин санадҳо аз тарафи ду давлат расмиёти заруриро нагузаштаанд ва ҳамчун «ҲУҶҶАТИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ» эътироф намешаванд. Дар ин маврид коршинос чунин менависад: “Зарурати амалии истодагии Тоҷикистон бар ин асл дар он аст, ки аксари заминҳои мавриди баҳс, ки ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон қарор доранд (ҳамон211 000 га), дар тӯли ҳудуди 90 соли охир маҳз дар асоси амалу санадҳое чун муомилаи байниҳамдигарии шаҳрвандони оддӣ ё мансабдори маҳаллӣ (1), табодули замин байни колхозу совхозҳо (2), тавофуқи роҳбарони ҷамоату шаҳру ноҳияву вилоятҳо(3), қарори вазорату идораҳои соҳавӣ (4), ҳолатҳои фурӯхта шудани замин дар сатҳҳои гуногун (5), протоколҳои комиссияҳои муштарак (6), иҷорадиҳии расмии байниидоравӣ ё байнидавлатӣ (7) ва ғайра ба ихтиёри кишвари ҳамсоя даромадаанд. Яъне, аксари ин заминҳо амалан давра ба давра дар сатҳҳои гуногун ва дар доираи манфиатҳо ва рӯҳияҳои гуногун ба қирғизҳо вогузор шудаанд… ”.

Ҷониби Қирғизистон ба санадаҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ беэътибор такя карда, талош менамояд, ки қитъаҳои замини дар замонҳои гуногун вабо роҳҳои мухталиф ғасбнамудаихудро қонунӣ гардонида, намоишкорона манфиатҳои миллӣ ва давлатии кишварамонро нодида гирад. Албатта, дар ин самт як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие вуҷуд доранд, ки расмиёти тасдиқи давлатӣ ва байнидавлатиро гузаштаанд, ба талаботи «ҲУҶҶАТИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ» ҷавобгӯ мебошанд. Муҳаққиқ Абдуллоҳи Раҳнамо қайд менамояд, ки мувофиқи Конститутсияи ИҶШСбе розигии худи ҷумҳуриҳои узви иттиҳод тағйир додани сарҳадҳои онҳо мумкин нест, барои эътибори расмӣ ва давлатӣ пайдо намудани ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи марзҳо бояд онҳо дар доираи муқаррароти Конститутсияи ИҶШС қабулва тасдиқ шуда бошанд. Конститутсияи ИҶШС талаб менамуд, ки барои тағйир додани сарҳади давлатии ҷумҳуриҳои узви ИҶШС, пеш аз ҳама, дар шакли санади давлатӣ бояд розигии худи ин ҷумҳуриҳо гирифта шуда, баъдан, аз ҷониби мақомоти олии ҳокимияти давлатии ИҶШС қароридахлдор қабул карда шавад.

Сиёсатшинос бо далелҳои асоснок собит менамояд, ки “дар тамоми давраи мавҷудияти Тоҷикистон ва Қирғизистон, танҳо ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ва соли1932 тамоми расмиёти талабкардаи Конститутсияи ИҶШС, аз соли 1924-ро гузаштаанд ва танҳо ҳамин ҳуҷҷатҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи сарҳади давлатӣ байни ин ду ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд”. Дар ин ҳуҷҷатҳои расмӣ, ки аз тамоми расмиёти байниҷумҳуриявӣ ва давлатӣ гузаштаанд, сарҳадҳои давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давраи таъсиси ин давлатҳо ба таври дақиқ ва расмӣ муайян ва тасдиқ карда шудааст.

Муаллиф ба нишондодҳои ин ҳуҷҷатҳо такя карда, заминҳои ғасбшудаи Тоҷикистонро бо харитаҳои замимашуда нишон медиҳад ва бори дигар исбот менамояд, ки Ворух ҳеҷ гоҳ анклав ё ҷазира набуда, ҳамчун замини пайваста пурра ба Тоҷикистон пайвандӣ доштааст ва нуқтаи аҳолинишине бо номи Оқсой умуман вуҷуд надоштааст. Ҳамзамон, баъзе аз минтақаҳои ғасбшудаи дигар, аз ҷумла ҷангалзори Андараки ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (56 ҳазор га), бахше аз минтақаи Хистеварзи ноҳияи ҳозираи Бобоҷон Ғафуров (84 ҳазор га) ва минтақаҳои баҳсии шаҳри Исфара (61 ҳазор га) мувофиқи тақсимоти миллию ҳудудии солҳои 1924-1927 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд.

Мувофиқи пажуҳиши илмии Абдуллоҳи Раҳнамо дар ҳалли масъалаҳои марзӣ ва муайянкунии сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон бояд ҳуҷҷатҳои такягоҳии солҳои1924-1932 ва 1932 ба эътибор гирифта шаванд, дар сурати инкор кардани ин ҳуҷҷатҳо, қонунӣ будани баъзе минтақаҳое, ки аз соли 1926 то соли 1932 аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дода шудаанд (209 ҳазор га) зери шубҳа қарор гирифта, ба манфиати худи Қирғизистон низ нест. Инчунин, ҳанӯз соли 1990 барои ҳалли зиддиятҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистонкомиссияи махсуси Шӯрои Олии ИҶШС пас аз омӯзишҳои зиёд ҳуҷҷатҳоисолҳои 1924-1932 ва 1932-ро ҳамчун ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи сарҳади байни ин ду ҷумҳурӣ эътироф карда буданд.

Тибқи хулосаи коршинос Абдуллоҳи Раҳнамо бастаи ҳуҷҷатҳои даврони Шӯравӣ (1949, 1958-1959 ва 1989) эътибори зарурии ҳуқуқию қонунӣ надошта, ҳамчун заминаимузокироти марзӣ баромад карда наметавонанд. Ҳамзамон як силсила ҳуҷҷатҳои давраи истиқлол, мисли «Созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» (аз 8 декабри соли 1991), «Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон» (аз 12 июли соли 1996), Оинномаи ИДМ, Эъломияи Алмаато (аз 21 декабри соли 1991), Эъломияи Москва (аз 15 апрели соли 1994) ва ғайраҳо ҳарчанд санадҳоимуҳимми муайянкунандаи муносибати байни Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳисоб раванд ҳам, аммо ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади давлатӣ буда наметавонанд, зеро мавзӯи ин созишномаҳо, аҳдномаҳо, оиномаҳо ва эъломияҳо танзими баҳсу масъалаҳои марзии байни давлатҳо нест.

Дар хотимаи мақолаи таҳлилии худ муҳаққиқ хулоса мебарорад, ки Тоҷикистон ҳамеша уҳдадориҳо ва масъулияти гирифтаашро риоя ва иҷро менамояд. Соли 2004 Тоҷикистон бо ба поён расидани муддати иҷора 50 000 гектар замини аз водии Олой (Мурғоб)-и Қирғизистон ба муҳлати 50 сол ба иҷора гирифтаашро бе ягон шарт баргардонид. Аммо тарафи Қирғизистон дар рафти музокиротҳои охир зуд-зуд мавқеи худро тағйир дода, талаботҳои созишномаҳои басташударо риоя ва иҷро намекунад. Ҳамзамон, дар Қирғизистон мухолифатҳои гурӯҳҳои алоҳидаи сиёсӣ авҷ мегиранд ва як нерӯи сиёсии фарогиру пурнуфузе вуҷуд надорад, ки дар ҳалли масъалаҳои марзӣ иродаи сиёсӣ нишон дода, нақши калидӣ бозида тавонад.

Хулоса, пажуҳиши илмии донишманди нуктсанҷи тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо ба бисёре аз масъалаҳои ниҳонии низои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон равшанӣ андохта, бори дигар собит месозад, ки дар ин низоъ Тоҷикистон ва мардуми шарифи он аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва таърихи ҳақ буда, барои барқарор шудани адолати ҳуқуқӣ, ҳақиқати таърихӣ ва баргардонидани қитъаҳои заминҳои аз тарафи давлати ҳамсоя ғайриқонунӣ ишғолшуда талош менамояд. Аз ин сабаб, дар баҳси сарҳадӣ Тоҷикистон дар ягон маврид кишвари таҷовузкор нест ва буда наметавонад. Аммо барои “ҲАҚИҚАТИ ТОҶИКИСТОН”, манфиатҳои миллӣ ва ҳаққи қонунию таърихии худ, халқи тоҷик ба ҳама гуна мубоиза омода мебошад.

 

Баҳромбеков Вафобек Амадбекович – сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир, 

Миров Фирӯз Сафаралиевич – номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика